“Мусофир нест”. Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як хатсайри нави автобус боз шуд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд. Ҳамакнун, аз Олмалиқ – як шаҳри вилояти Тошканди Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва баръакс ҳар рӯз як автобус ҳаракат хоҳад кард.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-плюс” ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки ин иқдом аз ҷониби ширкати “Olmaliq Isuzu Trans”-и Ӯзбекистон дар шарикӣ бо ширкати “Khujand Trans Service”-и Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, тариқи шартнома амал мекунад.

Хатсайр аз шаҳри Олмалиқ соати 7:00-и субҳ ҳаракат мекунад. Нархи роҳкиро 60 000 сӯми ӯзбекӣ (каму беш 50 сомонӣ) аст.

Ҳаракати хатсайри бозгашт аз шаҳри Хуҷанд ба самти Ӯзбекистон рӯзи дигар соати 10:00 ва вақти расидан соати 15:00 пешбинӣ шудааст. Арзиши роҳкиро 60 сомонӣ аст.

Аз ширкати “Khujand Trans Service” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, аллакай ин хатсайр ду сафар анҷом дол. Вале кам будани мусофирон боиси нигаронии ҷонибҳо гардидааст.

Дар ҳаимн ҳол, ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон, ки пештар бо Ӯзбекистон чанд хатсайри автобус дошт, айни замон ба ғайр аз хатсайри гардишгарӣ, ки дар як ҳафта як маротиба сафар мекунад, хатсайри доимамалкунанда бо ин кишвар надорад. Аз ширкат гуфтанд, сабаби  асосӣ набудани талабот ва ё кам будани мусофирон аст.

Аз вазорати нақлиёти кишвар гуфтанд, то имрӯз байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 15 хатсайри байналмилалии автобус боз шудааст, вале аксари онҳо азғ сабаби набудани талабот баъди чанд муддат фаъолияти худро қатъ карданд. Ҳоло байни ин ҳамсоякишварҳо танҳо ду хатсайри амалкунанда фаъол аст: Хуҷанд – Тошкент – Хуҷанд ва Хуҷанд – Олмалиқ – Хуҷанд.

Ёдовар мешавем, равуои автобусҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буд. Бо хуб шудани муносибатҳо байни ду кишвар моҳи майи соли 2018 аввалин автобуси мусофиркашонӣ дар хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд ба интиқоли мусофирон шурӯъ кард.

Дар давраи пандемия равуо муддате қатъ гардид ва моҳи октябри соли 2021 равуои автобусҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...