Иттиҳоди Аврупо имконоти мутахассисони тоҷикро дар соҳаи захираҳои об густариш медиҳад

GIZ

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER Иттиҳоди Аврупо дар гузаронидани экспедитсияи дуюм дар пиряхи Ҳизби ҳидрографӣ (ГГП) мусоидат намуд. Экспедитсия бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо консорсиуми "FutureWater" ва Донишгоҳи Утрехт амлӣ гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби "GFA Consulting Group" дастгирии логистикӣ карда шуд. Ҳадафи ин экспедитсия такмили мониторинги криосфера ва идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад.

Ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ аз муассисаҳои муҳими соҳаи об бо малакаҳои зарурӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва обшавии мавсимии барфҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин мебошад.

Дар доираи ташаббуси мазкур 12 нафар намояндагони махаллӣ гирд оварда шуданд. Ҷорӣ намудани чунин усулҳои муосир дар чунин шароити  босуръат тағйирёбии иқлим муҳим мебошад. Бо таваҷҷуҳ, ба он ки иқтисоди Тоҷикистон бештар ба оби пиряхҳо ва обшавии барфҳо такя мекунад, коҳиши пиряхҳо бар асари болоравии ҳарорат ва тағйири боришот, бахусус дар шароити хушксолии мавсими кишоварзии Осиёи Марказӣ, нигаронкунанда аст.

Ҳалли мушкилоти мураккабе, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба миён меояд, ҳамкории зич байни ниҳодҳои маҳаллӣ ва байналмилалиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳа ба рушди ҳамкориҳои байни сохторҳои асосии хоҷагии оби Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо мусоидат мекунад.

Барои татбиқи усулҳои муосири мониторинги пиряхҳо пажӯҳишгоҳҳои пешбари тадқиқоти криосферӣ, аз ҷумла FutureWater ва Донишгоҳи Утрехт аз Нидерландия ҷалб шудаанд. Дар якҷоягӣ ин ниҳодҳо иқтидори Тоҷикистонро барои идоракунии муассиртари захираҳои об тавассути фароҳам овардани имкони қабули қарорҳо дар асоси маълумотҳои омодашуда тақвият медиҳанд.

«Усулҳое, ки дар рафти экспедитсия аз худ карда шудаанд, имкон фароҳам оварданд, ки аз мониторинги анъанавӣ ба тарзи ҷамъоварии дақиқ ва самараноки маълумот дар бораи ҳолати пиряхҳо гузаронем. Мо фаҳмидем, ки чӣ тавр сохтани ҳавопаймоҳои бесарнишин, гузаронидани тадқиқоти ҳавоӣ, таҳлили маълумоти ҷамъовардашуда ва якҷоя кардани он бо дигар манбаъҳо барои таҳияи моделҳои ҳамаҷонибаи обшавии пиряхҳо лозим аст. Ин экспедитсия воқеан имкони моро оид ба мониторинги дақиқи пиряхҳо васеъ кард, ки барои пайгирии тағирёбии иқлим хеле муҳим аст»,-зикр намуд Шерзод Неков, мутахассиси созмони ҳавзаи дарёи Зарафшон.

Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз манбаъҳои муҳими об дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва то 80-90% маҷрои дарёро обшавии барфҳои мавсимӣ ташкил медиҳад. Пиряхи партияи гидрографӣ дар воридшавии об ба кӯли Искандаркӯл ва яке аз шохобҳои дарёи Искандардарё нақши муҳим мебозад. Бо вуҷуди ин, тағирёбии иқлим ба пирях, ки ҳоло ҳамасола аз 1 то 2 м массаи яхро аз даст медиҳад, таъсири ҷиддӣ мерасонад.Агар ин тамоюл идома ёбад, пирях метавонад то соли 2035 аз байн рафта, ба амнияти оби минтақа ва некӯаҳволии ҷамоатҳои маҳаллӣ хатари ҷиддӣ эҷод кунад.

"Экспедитсия дар пиряхи Ҳизби ҳидрогрофӣ (ГГП) осебпазирии криосфераро нишон дод. Интегратсияи технологияҳои нав ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои фаҳмидани таъсири тағирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Соли ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, аҳамияти аввалиндараҷаи ҳифзи пиряхҳоро нишон медиҳад», – гуфт профессор, Валтер Иммерзел, директори тадқиқоти Донишгоҳи Утрехт.

Аввали соли ҷорӣ дар Душанбе омӯзиши рӯ ба рӯ оид ба моделсозии пиряхшиносӣ бо истифода аз равандҳои фазоӣ дар гидрология (SPHY) ва моделҳои баҳодиҳӣ ва банақшагирии об (WEAP) гузаронида шуда, пас аз он дар моҳи августи соли 2024 сафари омӯзишӣ ба Ҳолланд баргузор гардид. Дар рафти ин чорабиниҳо мутахассисони маҳаллӣ малакаҳои амалии заруриро оид ба истифодаи дронҳо дар мониторинги пиряхҳо ва қабати барф аз худ намуданд.

Таҷрибаи амалии бадастомада дар баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ барои қабули қарорҳои самаранок ва бо маълумот асосёфта муҳим буд. Ин абзорҳои пешрафтаи моделсозӣ барои таҳияи стратегияҳои идоракунии об ба иқлим, ки ба Нақшаи идоракунии оби ҳавзаӣ барои минтақаи ҳавзаи Зарафшон дохил карда мешаванд, заруранд. Илова бар ин, дар чаҳорчӯби лоиҳаи ИА ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавопаймои бесарнишин – дрон интиқол дод.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавопаймои бесарнишин – дрон барои истифодаи муштарак аз ҷониби сохторҳои ҷалбшуда дода шуд, ки имкон медиҳад суръати обшавии пиряхҳоро дақиқ ҳисоб кунанд.

Дар ояндаи наздик ин талошҳо барои “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025” саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Ин ташаббуси байналмилалӣ таҳти сарварии Ҳукумати Тоҷикистон зарурати фаврии ҳамкориҳои ҷаҳониро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо тақозо мекунад.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ки аз тарафи GIZ амали карда мешавад, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.

За более подробной информацией обращайтесь к Шарофат Ашуровой по электронной почте [email protected], номер телефона: +992 987270046.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...