Ҳукумат барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” боз 1,15 млрд доллар ҷалб кард

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки гуфтушунидҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 650 млн доллар дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Созишномаи қарзӣ бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) ба маблағи 500 миллион доллар идома ёфта истодаанд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд то ба имрӯз созишномаҳои қарзии имтиёзнок бо Бонки исломии рушд ба маблағи 150 млн доллар ва Фонди Саудии рушд ба маблағи 100 млн доллар ба имзо расонида шудаанд.

“Дар баробари ин, қарорҳои мусбат ҷиҳати ҷудо намудани 100 млн доллар аз ҷониби дигар фондҳои арабии рушд, аз ҷумла Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди рушди Кувайт, Фонди Абудабӣ ва Фонди амонатӣ ва трастии Италия қабул гардидааст”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки рушди Осиё ва қарзҳои имтиёзнок аз Бонки сармоягузории Аврупо ва Фонди Қатар идома доранд.

Президент таъкид дошт, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки неругоҳи «Роғун» беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон нашудааст, зеро он “барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад”.

Ба гуфтаи сарвари давлат, тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018-2019 то имрӯз 7,5 млрд киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Мусоидат ба кӯчбастагон аз минтақаи зериобшаванда

Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки аз оғози давраи кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшавандаи неругоҳ «Роғун» то ба имрӯз 3212 оила дар марҳалаҳои якум ва дуюм аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун кӯчонида шудааст.

“Оилаҳои зикршуда ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Турсунзода, Роғун ва ҳамчунин, Нуробод кӯчонида шуда, бо манзилҳои нави доимӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд, – гуфт президент. – Шароити зиндагӣ дар маҳалҳои нави зист, ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва масъалаҳои иҷтимоии оилаҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд”.

Ба иттилои сарвари давлат, чорабиниҳои дигари омода намудани минтақаи зериобшаванда, яъне кӯчонидани хатҳои интиқоли барқ, таҷзияи зериистгоҳҳо, хатҳои алоқа ва роҳҳо идома доранд. Аз ҷумла дар доираи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод, ки ҳоло бомаром идома дорад, масъалаҳои кӯчонидани роҳҳои минтақаи зериобшавандаи соҳили рост дар ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод пурра ҳалли худро меёбанд.

“Вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмони неругоҳ, хусусан, то сатҳи 1185 метр бардоштани сарбанд ва обгирии обанбор нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 бояд сари вақт амалӣ карда шавад”, – ишора намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ба сохторҳои дахлдоре, ки дар раванди корҳои кӯчонидани аҳолӣ иштирок мекунанд, дастур дод, ки “кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи баланд ба роҳ монанд”, аз ҷумла ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...