БОР: Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар семоҳаи дуюм кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар “Гузориши рушди Осиё”-и Бонки осиёии рушд (БОР) дар моҳи сентябр гуфта мешавад, интиқоли маблағ ба Тоҷикистон пас аз афзоиш дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар семоҳаи дуюм коҳиш ёфт.

Таҳлилгарони БОР зикр мекунанд, ки интиқоли пул дар семоҳаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 56% боло рафта, аммо дар семоҳаи дуюм суст шуд.

«Танзими шадиди қонунгузории муҳоҷират дар Русия ба коҳиши интиқоли маблағ боис гардида, рушди иқтисодиро бозмедорад», таъкид шудааст дар Гузориши Бонк.

Қаблан дар гузориши БОР оид ба муҳоҷират бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда” то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.

Соли 2023 ин раванд идома ёфта,ба Тоҷикистон 5,7 млрд доллар пул интиқол дода шуд, ки ин 6,6% нисбат ба соли гузашта бештар буд.

То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2013 – ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо ба хароҷоти хонаводаҳо, бахусус ба харидории маҳсулоти ғайриозуқа ва таълим саҳми назаррас доранд.

Самти асосии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тибқи маълумоти гуногун, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Дастрасӣ ба маълумоти расмӣ оид ба ҳаҷми интиқоли маблағ дар Тоҷикистон аллакай 10 сол инҷониб пӯшида боқӣ мемонад. Маълумот дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ қаблан дар сомонаи Бонки марказии Русия дастрас буд, аммо бо оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина дигар ин маълумот нашр намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...