Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср

Date:

Нашриёти “Дор ал-фикр-ал-арабӣ” дар шаҳри Қоҳираи Миср китоби Назруллоҳи Назар, арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Ҷозибияту-л-Қоид” (Ҷозибаи Пешво)-ро ба табъ расонид.

Ин нахустин китоб ба забони арабӣ аст, ки хонандаи арабро бо рӯйдодҳои Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ, корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу истиқрор, гузоштани гомҳо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии устувор, ташаккули сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”, боло рафтани нақш ва обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинос мекунад.

Китоб бо услуби публистикӣ ва бадеӣ таълиф шуда, диди муаллифро роҷеъ ба рӯйдодҳои фоҷеавӣ ва тақдирсоз, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз сар гузаронидааст, арзёбии муносибатҳои Тоҷикистон бо олами хориҷиро инъикос мекунад.

Шоистаи ёдоварӣ аст, ки нашриёти мазкур пеш аз ин асари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои мисрӣ ба забони арабӣ ду маротиба (солҳои 2009 ва 2011) нашр карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...