Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 10 октябр дар Қасри миллат раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт. Ӯ барои иштирок дар кори форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” ба Душанбе омад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморад.

Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст.

Изҳори итминон карда шуд, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки дар кори форум Валентина Матвиенко аҳаммияти забони русиро барои таҳкими муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон зикр намуда, таъкид дошт, ки омӯзиши оммавии забони русӣ дар Тоҷикистон баҳри ҳифзу таҳкими ваҳдату ягонагӣ нақши муҳим дорад.

Матвиенко ба раҳбарияти Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба масоили омӯзиши забони русӣ изҳори миннатдорӣ намуда, хотиррасон кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми муоширати байни миллатҳо дода шудааст.

Рӯзи 10 октябр Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро аз Беларус, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Русия ба ҳузур пазируфт.

Президент зикр кард, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, – таъкид намуд сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

Президенти кишвар нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.

Зикр шуд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намудаааст.

Зимни суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...