Русия квотаҳои иҷозаи зисти хориҷиёнро дар соли 2025 ду баробар кам кард

Asia-Plus

Ҳукумати Русия квотаҳо ба иҷозаи зисти хориҷиёнро дар Русия барои соли 2025 ба миқдори 5,5 ҳазор адад тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармоиши дахлдор дар ин бора иттилоъ медиҳад.

Дар муқоиса бо соли 2024, ки шумори квотаҳо ба 10,6 ҳазор адад баробар буд, акнун Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) қариб 2 баробар кам шуд. Ҳамаи иҷозаҳо ба минтақаҳо мувофиқи дархости онҳо тақсим карда мешаванд.

Шумори бештари квотаҳо маъмулан ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав рост меояд: соли 2025 ба ин минтақаҳо мутаносибан 1 ҳазор ва 350 адад квота (соли 2024 – 1,5 ҳазор ва 750 адад) ҷудо шудааст.

Квотаҳо барои Санкт-Петербург аз 300 то 200 иҷоза кам шудааст. Тотористону Бошқирдистон, ки соли газашта ҳар кадоме 250 квота доштанд, имсол 100-квотагӣ мегиранд.

Тайи 5 соли ахир шумори квотаҳо сол то сол кам мешавад. Ба ин тариқ, соли 2021 ҳукумат зиёда аз 39 ҳазор, соли 2022 – ҳудуди 19 ҳазор ва соли 2023 – 13,5 ҳазор квоттаи иҷозаи зисти муваққатӣ ҷудо карда буд.

Тавре ки дар маводи марбут ба ин масъала зикр мешавад, минтақаҳо қисмати ками квотаҳои муқарраршударо истифода мекунанд – дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти ВКД Русия, ҳамагӣ 20,4%-и миқдори муқарраршуда истифода шудааст.

Квотаи Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) бар асоси пешниҳод аз субъектҳои Русия, ки аз рӯи натиҷаҳои таҳлили вазъи муҳоҷират ва вазъи иқтисод дар ҳар кадоме аз минтқаҳо таҳия мешаванд, муайян карда мешавад. Аз ҷониби ҳукумат иловагӣ квотаҳои эҳтиётӣ муайян карда мешаванд, ки онҳо низ миёни субъектҳои Русия тақсим мешавад. Соли 2025 шумори онҳо 1650 квотаро ташкил медиҳад (дар соли 2024 – 3178 адад).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...