Захираи маводи сӯхт барои соҳаи маориф дар зимистон. Дар куҷо чанд дарсад иҷро шуд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ба ҳолати 8-уми октябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар барои зимистонгузаронӣ 44 ҳазору 569,7 тонна ангишт, 39 ҳазору 961,7 метри мукааб ҳезум ва 19 ҳазору 609 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ медиҳад.

Тибқи талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони соли 2024-2025  дар маҷмуъ 56 ҳазору 290 тонна ангишт, 54 ҳазору 176,1 метри мукааб ҳезум ва 116 ҳазору 810 литр сӯзишвории дизелӣ бояд захира гардад. Алҳол 79 фоиз ангишт, 74 фоиз ҳезум ва 17 фоиз сӯзишвории дизелии дар нақша пешбинишуда иҷро гардида, 21 фоиз ангишт, 26 фоиз ҳезум ва 83 фоиз сӯзишвории дизелии дар нақша пешбинишуда захира нашудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, айни замон захираи сӯзишворӣ ва хӯрока идома дорад.

 

Дар куҷо чанд дарсад захира шуд?

Тибқи маълумоти Сарраёсати шаҳри Душанбе, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ангишт 28 фоиз, ҳезум 109 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 130 фоиз таъмин гардидааст

Дар муассисаҳои ҳудуди вилояти Суғд бошад захираи ангишт ва ҳезум 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 7 фоиз иҷро шудааст.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фоизи иҷроиши захираи ангишт ба 86, ҳезум 66 ва сӯзишвории дизелӣ ба 10 баробар аст.

Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 64,3 фоиз, ҳезум 54,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 23,5 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маводи сӯзишворӣ барои тирамоҳу зимистонгузаронӣ 5450,5 тонна ангишт, 7737,9 метри мукааб ҳезум ва 1790 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят ба ҳолати 8-уми октябри соли 2024, 5465,83 тонна ангишт (100 фоиз), 7521,7 метри мукааб ҳезум (97 фоиз) ва 700 литр сӯзишвории дизелӣ (39 фоиз) захира карда шудааст.

Тавре ин ниҳод иттилоъ медиҳад, дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар дар маҷмӯъ 1591 дегхонаи хурду бузург, 23 ҳазору 648 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 834 печи аловӣ омода гардидааст.

Шишабандии дару тирезаҳо бошад 15 046 метри мураббаъ ё 58,9 фоиз иҷро шудааст. Тибқи нақша дар умум 25 ҳазору 548,6 метри мураббаъ бояд шишабандӣ шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...