Сармураббии мунтахаби футболи Қазоқистон барои беэҳтиромӣ ба забони давлатӣ муҷозот шуд

Станислав Черчесов, сармураббии мунтахаби футболи Қазоқистон барои беэҳтиромӣ ба забони давлатии ин кишвар, яъне забони қазоқӣ муҷозот шуд. Дар ин бораи хабаргузории tengrisport.kz иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, як хабарнигор, ки ба тан либосе бо навиштаи забони фаронсавӣ дошт, баъди рақобати тимҳои Қазоқистону Словения ба Черчесов бо забони қазоқӣ суол дод ва дар посух […]

Asia-Plus

Станислав Черчесов, сармураббии мунтахаби футболи Қазоқистон барои беэҳтиромӣ ба забони давлатии ин кишвар, яъне забони қазоқӣ муҷозот шуд. Дар ин бораи хабаргузории tengrisport.kz иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, як хабарнигор, ки ба тан либосе бо навиштаи забони фаронсавӣ дошт, баъди рақобати тимҳои Қазоқистону Словения ба Черчесов бо забони қазоқӣ суол дод ва дар посух Черчесов гуфт: “Ту ҳоло фаронсавӣ суҳбат мекунӣ?”, – гуфт Черчесов. Баъд аз ин бо ёрии тарҷумон ба суоли хабарнигор ҷавоби муфассал дод.

Дар пайи ин, мухлисони футбол ва ҷомеаи Қазоқистон эътироз карда, суханҳои Черчесовро беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ унвон карданд.

Президенти Федератсияи футболи Қазоқистон Адолат Барменқулов рӯзи 17-уми октябр баъд аз нишасти матбуотӣ бо Черчесов дар бораи аҳамияти эҳтиром ба забони давлатӣ суҳбат шуд ва ӯро ҷарима бастанд.

Барменқулов гуфт, “шӯхии Черчесов аз меъёр гузашта буд. Ман шахсан бо ӯ суҳбат кардам ва барояш аҳамият ва авлавияти забони давлатиро фаҳмондам”.

Ҳамин тавр, Черчесов ба маблағи 738 ҳазору 400 танга (ҳудуди 16 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.

Федератсияи футболи Қазоқистон ҳам навишт, ки Черчесов “ба забони қазоқӣ эҳтироми зиёд дорад” ва онро “фаъолона меомӯзад”, аммо муаллими забони қазоқии мураббии футбол ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки Черчесов то ҳол танҳо дар як дарс иштирок кардааст.

Ин аввалин моҷарои Черчесов дар Қазоқистон нест. Пештар аз ин, дар яке аз аввалин нишастҳои матбуотии худ вақте ба ӯ ба забони қазоқӣ саволе доданд, Черчесов гуфт: “Оё метавонам ба шумо бо забони осетинӣ ҷавоб диҳам?”.

Ёдовар мешавем, ки Станислав Черчесов аз соли 2016 то 2021 сармураббии тими футболи Русия буд.

Черчесов баъди тарки вазифаи сармураббии тими миллии Русия дар дастаҳои “Легия”-и Лаҳистон ва “Ференцварош”-и Маҷористон кор карда, моҳи июни соли 2024 раҳбарии тими миллии футболи Қазоқистонро бар ӯҳда гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио