Огоҳии КҲФ аз хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ

Рӯзҳои наздик дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои шадид дар назар аст. Ин метавонад ба омадани селҳо боис гардад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад. Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо метавонанд ба  болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар минтақаҳои зикршуда боис гарданд. “Боришоти борон ва оби дарёҳо метавонад […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои шадид дар назар аст. Ин метавонад ба омадани селҳо боис гардад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо метавонанд ба  болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар минтақаҳои зикршуда боис гарданд.

“Боришоти борон ва оби дарёҳо метавонад пастхамиҳо, заминҳои кишоварзиро зери об кунад, қитъаҳои роҳҳоро шуста, инчунин ба бехатарии пулҳо хатар эҷод кунад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

Зикр мегардад, ки дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.

Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия дода мешавад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорат то охири ҳафта чандон тағйир намеёбад. Аммо аз 22 октябр поинравии ҳарорат тақрибан то 5 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Тавре ки дар Агентӣ зикр карданд, ҳоло дар бораи чӣ гуна шудани обуҳаво то охири моҳ ҳарф задан барвақт аст, зеро мушоҳидаҳо ҳамеша дар ҳоли тағйиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.