Шоҳҷоиза ба “Моҳӣ дар шаст” дода шуд. Боз кадом филмҳо дар ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҷоиза гирифтанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид.

Шоҳҷоизаи ҷашнвораи дуюми миллии синамои “Тоҷи Сомон”, ки дар Душанбе баргузор шуд, насиби филми “Моҳӣ дар шаст” гардид. Ин филм аз сӯи “Тоҷикфилм” ва “DOVfilm” таҳия шудааст ва коргардони он Муҳиддин Музаффар мебошад.

Инчунин, ҷоизаи беҳтарин филмҳо ба нафарони зерин эҳдо шуд:

* “Беҳтарин филми мустанад” – филми “Пайравони ҳақиқат”-и Рустам Шоазимов;

* “Беҳтарин филми тасвирӣ” – филми “Зани порсо”-и Фирдавс Насруллозода;

* “Беҳтарин филми ҳунарӣ” – “Дар талоши ҳақиқат”-и Манзаралӣ Шералӣ;

* “Беҳтарин филми дебют” – филми “Фурӯғ”-и Одина Маҳмад;

* “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” – филми “Модар”-и Нигина Раҷабова;

* “Таваҷҷӯҳи тамошобин” – филми “Ғам”-и Музаффар Шодиев;

Ҷоизаи беҳтарин нақшофарон ба ҳунармандони зер тақдим шуданд:

* “Беҳтарин нақши кӯдакона” – Зулайхои Абдуҳаким дар филми “Се хоҳарон”;

* “Беҳтарин нақши занона” – Таҳмина Раҷабова дар филми “Зиндагӣ зебост”;

* “Беҳтарин нақши мардона” – Насриддин Нуриддинов дар филми “Зиндагӣ зебост”;

* “Беҳтарин коргардон” – ба Далер Раҳматов барои филми “Зиндагӣ зебост”;

Аз нигоҳи техникӣ ҷоизаҳо ба нафарони зер дода шуданд:

* “Беҳтарин танзим” барои филми “Мактаби мардонагӣ” ба Дилшод Раҳмонов;

* “Беҳтарин дизайн” – филми “Танҳо ту”-и Восеъ Набиев;

* “Беҳтарин наворбардор” барои филми “Танҳо ту” ба Шуҳрат Қурбонов;

Ҳамин тавр, ҷоизаи ифтихории Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” -“Беҳтарин филмноманавис” ба Абдурофеъ Рабизода тақдим гардид.

Ҳамчунин, барои иштирок дар ин синамоҷоиза ба филми “Ҳафт марвориди Шинг”-и Садриддин Охонов, “Ҳоло, ки ман ҷавонам”-и Ғолибшо Мусоев, “Садои тамаддун”-и Тоҳир Асрориён, “Фарзанди фарзонаи миллат”-и Иззат Самадӣ, “Мавлоно”-и Далер Ҳасанзода ва филми “Ҳафткӯл”-и Шавкат Муҳаммадиев дипломи Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” дода шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.

Бояд гуфт, ки имсол ба озмуни Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” барои иштирок ва рақобат беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Раванди баргузорӣ ва ҷоизадорони аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон”-ро дар матлаби зерини “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...