Дар Душанбе баландтарин торт дар ҷаҳонро дар мавзӯи миллӣ тайёр карданд

Asia-Plus

Дастаи иборат аз 15 қаннод – намояндагони Федератсияи ҷаҳонии мусобиқа байни тарабхонаҳо (WFRS) аз Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе як торти вазнаш 200 кило ва баландиаш 2,10 метр тайёр карда, дар категорияи “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд. Рекордро намояндагони Агентии авруосиёии радабандӣ (ЕРА) сабт карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Торти рекордиро аз тарабхона оҳиста-оҳиста дар бордони мошини боркаш барои намоиш ба боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ дар ҷашни Меҳргон рӯзи якшанбеи гузашта оварданд. Аз 1,7 км овардани он то даромадгоҳи боғ тақрибан 15 дақиқа вақтро гирифт.

Сипас чанд дақиқаи дигар онро дар болои миз гузоштанд. Баъдан ба болои торт дар платформаи махсуси даврзананда нусхаи ҳайкали асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомониро гузоштанд, ки баландиаш 45 см буд.

Ин маҳсулоти қаннодӣ аз чанд қабат иборат буд. Пояи мураббаъ бо паҳнои 1,1 метр бо 20 ҳайкалчаҳои аз занҷабил сохташуда, ки дар шакли маконҳои диданбоби Тоҷикистон буданд, оро дода шуд. Ба болои он ду ошёнаи дигари мудаввар бо нақшҳои миллӣ ва беш аз 300 унсури зефирӣ дар шакли тарбуз, харбуза, ангур ва меваҳои гуногуни кишвари Тоҷикистон насб карда шуд.

Қаннодон ин тортро дар муддати чор рӯз тайёр карданд.

«160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд — ин барои зефир. Ғайр аз ин, тақрибан 30 литр афшура ва боқимонда — 1, 3, 5, 9 кг, аммо на бештар аз ин», — гуфт роҳбари қаннодон Натали Ви, ки дар омода кардани он иштирок кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин торт метавонад аз 100 то 200 нафарро сер кунад.

«Мо аллакай ҳашт сол аст, ки бо ин кор машғулем ва дар Русия (“Афсонаҳои Пушкин”), Африқо ва Аврупо низ рекордҳо гузошта шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ин аввалин рекорд аст ва ман умедворам, ки он дарозмуддат хоҳад буд», — гуфт ба хабарнигорон раиси кумитаи хидматрасонӣ ва меҳмондории ЕРА ва котиби генералии WFRS Александр Рабинович.

Ӯ илова намуд, ки тайёр кардани торт ба Рӯзи ҷаҳонии ошпазон ва ҷашни миллии кишоварзии Тоҷикистон — Меҳргон, ки дар кишвар 20 октябр таҷлил карда шуд, бахшида шудааст.

Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рӯзи якшанбе маркази таҷлили ҷашни Меҳргон шуд. Дар ин ҷо намоишгоҳ-фурӯши ҳосили ҷамъшуда ва таомҳои гуногун аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Фурӯшандагон сабзавоту меваҳо, нӯшокиҳо, чормағз, асал ва дигар дастранҷи худро ба меҳмонон пешниҳод ва ба фурӯш гузоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...