Пешниҳоди расиди қалбакӣ барои аз 100 то 1500 сомонӣ. Як нозири барқ дар Рӯдакӣ барои фиреби сокинон муттаҳам мешавад

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ як нозири барқро бо ҷурми фиреби мардум боздошт кардааст. Ӯ бо баҳонаи иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ ва гузаронидани маблағ ба суратҳисоби муштариён маблағҳои аз мардум гирифтаашро ба манфиати худ сарф мекардааст. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД иттилоъ дода мешавад.

Ин нозири барқ Авезов Маъруф ном дошта, 27-сола ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, дар шабакаи фурӯши барқи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекардааст.

Ӯ дар давраи фаъолияташ ҳамчун нозири барқ аз Назирзода Гулноза, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ин ноҳия бо баҳонаи иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ 1500 сомонӣ гирифта, ғайб задааст. Аз ду сокини дигари ин ҷамоат –  Ҳалимов Сироҷиддин ва Анваров Кабир бошад, 1600 сомонӣ гирифта, ваъда кардааст, ки маблағи масрафи барқро ба суратҳисоби онҳо мегузаронад. Ба онҳо расиди қалбакӣ дода, маблағро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Худи Авезов иқрор шудааст, ки зиёда аз 40 адад чунин расидҳои қалбакиро, ки аз 100 сомонӣ то 1500 сомонӣ маблағ навишта шуда буд, ба сокинон додааст.

Айни ҳол Авезов Маъруф дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобӣ) парванда оғоз гардидааст. Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 12 сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Мақомот бо нашри матлаби мазкур аз сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳар нафаре, ки аз тақаллубкориҳои ин нафар ҷабр дидааст, ба шуъбаи ВКД дар Рӯдакӣ муроҷиат кунад.

Ин бори аввал нест, ки нозирони барқ даст ба ҷиноят мезананд. Қаблан дар ноҳияи Ваҳдат низ як назоратчии барқ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз як шаҳрванд барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб карда, 3800 сомониашро гирифта, ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии ӯро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...