“Евразия-Кинофест”: Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Абдулмӯъмин Шарифӣ тақдим гардид

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, барои иҷрои нақши Қаҳҳор дар филми “Дов” дар Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” бо ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” қадрдонӣ гардид. Филми “Дов” ҳам соҳиби мукофот шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Абдулмӯъмин Шарифӣ барои иҷрои нақши Қаҳҳор дар филми “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар дирӯз, 21-уми октябр дар ҷараёни маросими ҷамъбастии Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” дар шаҳри Маскав тақдим гардид.

Абдулмӯъмин Шарифӣ яке аз ҳунармандони соҳибтаҷриба ва шинохтаи тоҷик аст, ки нақши Қаҳҳорро дар филми “Дов” бисёр моҳирона ва табиӣ бозидааст. Барои иҷрои ин нақш ӯ дар Тоҷикистон низ соҳиби ҷоиза гаштааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар Синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” ӯ соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” гардид. Он замон Салоҳиддин Шукурзода, ҳунарпешаи дигари тоҷик ва иҷрокунандаи нақши Маннон, қаҳрамони дигари филми “Дов” ҳам ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро гирифта буд.

Ҳамчунин, дар Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” филми “Дов” бо Дипломи ВАО “Барои баёни поквиҷдонона ва воқеӣ ва садоқат ба анъанаҳои неки синамои тоҷик” қадрдонӣ шуд.

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми “Дов” баъди гирифтани диплом гуфт, ин 24-умин мукофот барои филми “Дов” дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.

Бояд гуфт, ки Кинофестивали байналмилалии “Евразия-Кинофест” аз 17 то 21-уми октябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд. Дар он филмбардорони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Белорус, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон бо филмҳои худ иштирок карданд.

Филми “Дов” санаи 20-уми октябр дар “Хонаи кино”-и шаҳри Маскав пешкаши тамошобинон гардид.

Ёдовар мешавем, ки филми “Дов” дар  синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар соли 2022 ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро ба даст овард.

Филми “Дов” дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифтааст, аз ҷумла дар ҷашнвораи байналмиллалии Тошканд “Марворидҳои Роҳи абрешим” – “Ҷоизаи  махсуси ҳакамон”, дар кинофестивали “Шарқу Ғарб” дар шаҳри Оренбурги Русия ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин нақши мардона”, дар чорумин фестивали байналмилалии "Лендок" дар шаҳри Санк-Петербург ҷоизаи "Беҳтарин филмнома", дар ҷашнвораи байналмилалии синамои Калкуттаи Ҳиндустон ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ”-ро соҳиб гардидааст.

Ин филм аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар шаҳраки Вокзали шаҳри Конибодом ва шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара моҳҳои апрел-майи соли 2021 наворбардорӣ шудааст.

Дар он якҷо бо ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар Абдулмӯъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукуров, инчунин Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон 28-уми октябри соли 2022 дар толори синамои “Ватан” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...