Қарзи “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 331 млн доллар расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 543 млн сомонӣ зиёд шуда, то 30 сентябри соли 2024 ба 3 млрд 530 млн сомонӣ (беш аз 331 млн доллар) расид. Дар ин бора дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” хабар дода мешавад.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ неругоҳ ба ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 2137 млн кВт/соат барқ додааст, ки 41 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Коэффисиенти истифодаи иқтидори муқарраршудаи неругоҳ дар зарфи 9 моҳи ҳамин сол 48,8%-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки харидори ягонаи барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад. Мутаносибан, истеҳсоли барқ дар ҳаҷми аз ҷониби ин ширкат муқарраршуда истеҳсол мешавад.

Раҳбаритяи ширкат чандин маротиба шикоят карда буд, ки “Барқи тоҷик” ба истифодаи ҳуқуқҳо барои фурӯши барқ тибқи шартномаҳои мустақим ва содироти мустақилонаи он имкон намедиҳад.

Ин ҳуқуқҳо дар созишномаҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи тартиб ва шароити иштирок аз рӯи ҳиссаи Русия дар сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1” ва дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи ин неругоҳ зикр шудаанд.

Ғайр аз ин, “Барқи тоҷик” аксар вақт наметавонад маблағи ҳамин ҳаҷми барқро ҳам пардохт кунад. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2024 аз ҷониби ҶСК “Барқи тоҷик” 32% аз арзиши неруи барқи интиқолёфтаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар ширкати «Барқи Тоҷик» ба ин даъвоҳо бо набудани бозорҳои хориҷии фурӯши барқ ва ҳолати ногувори молиявии ширкат посух дода буданд.

«Вазъияти ҳозираи марбут ба сарбории иқтидорҳои мавҷуда ва пардохти ҳаҷми воқеии интиқоли барқ аз “Сангтӯда-1” дар давраи тобистон, ба реҷаи маҷбурии кори ҷудогонаи низоми энергетикии Тоҷикистон аз низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва набудани имконияти содироти нерӯи барқ ба бозорҳои минтақавии хориҷӣ вобаста аст. Ин омилҳо ва вазъи душвори молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” пардохти пурра ва саривақтии интиқоли барқро имконнопазир сохт», — зикр намуд роҳбарияти «Барқи Тоҷик».

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Маросими ба истифода додани агрегати якуми неругоҳ 20 январи соли 2008 ва пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ бо 4 агрегат 31 июли соли 2009 баргузор шуд.

Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба сохтмони нерӯгоҳ беш аз 16 млрд. рублро ташкил медиҳад. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба 10% баробар аст.

Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар баробари неругоҳҳои барқи обии “Норак” бо иқтидори 3000 МВт ва “Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт ба сегонаи бузургтарин неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дохил мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...