Куштори як ҷавон дар Конибодом. Падари ҷавони кушташуда гуфт, ду нафар боздошт шудааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Бо гумони қатли Амрулло Боймирзоев, як ҷавон аз ноҳияи Мастчоҳ, дар шаҳри Конибодом ду нафар боздошт шудааст. Дар ин бора падари ҷавони кушташуда ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Амрулло Боймирзоев дар коргоҳи тоза кардани пахта кор мекард ва шаби 22 ба 23-юми октябр дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом дар шароити мармуз кушта шуд. Дар ин бора бори аввал Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд.

Нарзулло Боймирзоев, падари ҷавони кушташуда субҳи имрӯз, 28-уми октябри соли 2024, замоне, ки озими шаҳри Конибодом буд, ба “Азия-Плюс” гуфт, дар бораи боздошти гумонбарон барояш аз мақомоти корҳои дохилии ин шаҳр хабар додаанд.

“Ба ман гуфтанд, ки дар пайи куштори фарзандам ду нафарро боздоштаанд. Онҳо сокинони шаҳри Конибодом мебошанд, аммо барои ман то ҳол дақиқ нест, ки қотилони воқеӣ ин ду нафари боздоштшудаанд ё не. Ҳоло барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Конибодом меравам”, – гуфт Нарзулло Боймирзоев.

Масъулини мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд барои шарҳи ҳодиса дастнорасанд. Талошҳои зиёди мо ҷиҳати дастрас кардани иттилоъ аз ин ду ниҳод бесамар анҷомид.

Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом нахостанд оид ба ҳодисаи куштори Амрулло Боймирзоев иттилоъ диҳанд ва хоҳиш карданд маълумоти заруриро аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастрас кунем. Дар раёсати ВКД дар вилояти Суғд бошад касе ба зангҳои батакрори мо посух надод.

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи аз қазия огоҳи худ навишт, ки “Боймирзоев дар ҷойи кораш мехобид ва шахсони ношинос шабона ӯро куштаанд”.

“Тафтиш нишон додааст, ки ӯро бо банд нафасгир кардаанд. Амрулло 20 рӯз пеш соҳиби фарзанд шуда, ӯро ба серӣ надида буд”, – гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ

Амрулло Боймирзоев, писари Нарзулло Боймирзоев, мудири идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ буд. Ҷасади ӯро рӯзи 24-уми октябр дар зодгоҳаш, ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, дафн карданд.

Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.

“Аз 3-4 кушторе, ки дар шаҳри Конибодом содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор шудааст. 2 ҳолати куштор ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад. Ин кушторҳо дар оилаи Умаровҳо ва Шариповҳо рух додааст. Ин доираи оила аст ва аллакай, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”, – гуфт Аламшозода.

Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дигар ҷузъиёти бештар надод ва танҳо гуфт, ки “дар онҷо дигар ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқарарӣ аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...