Дар Петербург хориҷиёнро барои қайди ҳарбӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд

Asia-Plus

Дар Санкт-Петербург 11 муҳоҷир барои саривақт худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар ин шаҳр хабар медиҳад.

«Дар ҷараёни санҷиш 11 нафар муҳоҷирон ошкор карда шуданд, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия, уҳдадории  худро дар мавриди ба қайди аввалияи ҳарбӣ гузоштан иҷро накардаанд», — омадааст дар хабар.

Тавре ки дар он ҷо зикр кардаанд, миёни хориҷиён шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур низ будаанд. 

Дар бораи миёни онҳо ҳузур доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дақиқан хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, айни замон қонушиканонро лозим аст, ки мақоми ҳуқуқии худро муайян кунанд ё қаламрави Русияро тарк намоянд.

Тибқи қонун «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», шаҳрвандон дар давоми ду ҳафта бояд барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан  ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

Илова бар ин, аввали моҳи август президенти Русия Владимир Путин қонуне имзо кард, ки тибқи он дар сурати саркашӣ аз қайди ҳарбӣ гузоштан, шаҳрвандони Русияро метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум намоянд.

Ташаббускорони тағйирот ба қонун «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» вакилони «Единая Россия» (Русияи воҳид) бо роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Вячеслав Володин буданд. Санад рӯзи 31 июл дар Думаи давлатӣ қабул ва 2 август дар Шӯрои Федератсия тасдиқ шуд.

Рӯзи 12 сентябр намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар дод, ки Вазорат аз комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, аммо худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, маълумот дархост намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорат ба амалисозии муқаррароти нави қонунгузорӣ оғоз намуда, мувофиқи онҳо, муҳоҷироне, ки аз иҷрои ин уҳдадорӣ даст кашидаанд, аз шиносномаҳои Русия маҳрум карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...