Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард

Пулиси Амрико марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷикро таҳқиқ мекунад. Ӯ бо номи Сабина Росас низ машҳур буд ва ҷасадаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Ҳэмптони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст. Сабина Хуррамдил дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 2009 ба ИМА кӯчид ва дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” ба муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф […]

Asia-Plus

Пулиси Амрико марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷикро таҳқиқ мекунад. Ӯ бо номи Сабина Росас низ машҳур буд ва ҷасадаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Ҳэмптони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст.

Сабина Хуррамдил дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 2009 ба ИМА кӯчид ва дар доираи тарҳи иҷтимоии “Руъё” ба муаррифии фарҳангу ҳунари Осиёи Марказӣ маъруф буд.

Ба иттилои The Sun, мақомот гуфтааст, ҷасади Сабинаро рӯзи душанбе, 28-уми октябр, кормандони меҳмонхонае дар осоишгоҳи “Shou Sugi Ban House”, дар ҳуҷраи меҳмонон пайдо кардаанд.

Ба навиштаи ин расона, мақомоти Амрико дар куштори Сабина Томас Гэннони 56-соларо, ки гуфта мешавад бо ӯ дӯст буду равобит дошт, гумонбар медонад. Ҷасади Гэннон дар манзили шахсиаш дар аёлати Пенсилвания ёфт шудааст. Пулис гуфтааст, гумонбари қатли Сабина баъди куштор худкушӣ кардааст.

Дар аксу наворҳое, ки таҳқиқ шудааст, дида мешавад, ки қаблан Сабина Хуррамдил ва Томас Гэннон якҷо дар осоишгоҳи Вотер-Милл буданд. Гэннон меҳмонхонаро рӯзи душанбе танҳо тарк мекунад.

Оилаи Сабина дар изҳороти мухтасари матуботӣ навиштааст, ки ӯ фарзанди сеюм ва дӯстдоштаи оилаашон буд. Онҳо аз ҷомеаву сохторҳои қудратӣ хостаанд, ки барои таҳқиқи қазияи марги мармузи духтарашон мусоидат кунанд.

Сабина Хуррамдил солҳои охир дар минтақаи Брукилини Ню-Йорк мезист ва барои рушди фарҳанг ва ҳамкории ҷомеаи Осиёи Марказӣ талош мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.