Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар пайи танбашавии роҳҳо дар пойтахт ва шикояти зиёди сокинон пулиси Душанбе барои пешгирии ин кор амалиёти 10-рӯза мегузаронад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дода, навиштааст, ки ин амалиёт аз 1-ум  то 10-уми ноябр дар пойтахт барои пешгирии қойдавайронкунӣ дар роҳ, бахусус танбашавии мошинҳо бо номи шартии “Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард” гузаронида мешавад.

Пулиси пойтахт аз ронандаҳо хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъан риоя карда, мошинҳои худро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати дигар оситаҳои нақлиёт мушкил эҷод накунанд.

Мақомот ҳушдор додаанд, ки дар ҳолати ошкор шудани қойдавайронкуниҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ мешавад.

Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.

Мақомот ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт ва дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо медонанд. “Радиои Озодӣ” аз қавли раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе навиштааст, ки афзоиши мошинҳоро яке аз сабабҳои асосии танбашавӣ мебошад.

Ҷумъахон Давлатов, муовини сардори ин ниҳод ба ин расона гуфтааст, “дар таъмир қарор доштани баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душнбе, ки воситаҳои нақлиёти он кӯчаҳо ба ҳамшафати дигар кӯчаҳо гузаронида шудаанд, аз омилҳои дигари танбашавист”.

Ҳамчунин, Ҷумъахон Давлатов сабаби дигари танбашавӣ дар роҳҳоро аз навоҳии тобеи марказ бо мошинҳои шахсӣ ворид шудани афроде, ки дар пойтахт кор мекунад, рабт додааст.

Ӯ бунёди метро ва роҳҳои дутабақа ё эстакадаро аз роҳҳои ҳалли мушкилот ва осон шудани ҳаракат дар Душанбе донистааст.

Мақомот қаблан гуфта буданд, ки аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт 20% зиёд карда мешавад.  То он вақт дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, бояд пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешуд.

Гуфта мешуд, ки мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад. Шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо), ки то вақт 950 адад гуфта мешуд, ба қавли мақомот аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар ба он илова гардид.

Шумори таксиҳо низ бояд аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешуд. Яъне дар Душанбее, ки каме бештар аз 1 миллион аҳолӣ дорад, беш аз 4500 ҳазор воситаҳои нақлиёт кор мекунанд. Ба ҷуз ин шумори мошинҳои хусусӣ маълум нест ва боз ҳамарӯза садҳо мошин аз дигар ноҳияҳо ба Душанбе меояд, ки ин шумори нақлиёти равуодошта дар пойтахтро меафзояд.

Мушкили танбашавии роҳҳо солҳо боз дар Тоҷикистон вуҷуд ддорад, вале то ҳол роҳи ҳалли ниҳои худро наёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...