Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад

Asia-Plus

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва президенти пешини Русия пешниҳод кардааст, ки қабули кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия қатъ карда шавад. Дар ин бора ӯ дар ҷаласаи шӯрои амният оид ба сиёсати давлатии муҳоҷират зикр кардааст.

Ба ақидаи ӯ сатҳи таълим дар мактабҳои Русия ба далели кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, поин меравад.

“…аз ин сатҳи умумии маориф осеб мебинад. Инро ҳама медонанд ва вақти он расидааст, ки ба ин ҳама хотима диҳем”, – гуфтааст Медведев.

Ӯ гуфтааст, лозим аст, ҳузури муҳоҷироне, ки барои амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунанд, дар Русия пурра қатъ карда шавад.

“Муҳоҷирони дорои ихтисоси паст бояд танҳо барои давраи фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ворид шаванд. Сиёсати муҳоҷирати Русия бояд ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ҷавобгӯ бошад, на манфиати давлатҳои хориҷӣ. Бояд “профили рақамии муҳоҷир" ба роҳ монда шавад, ки имкон медиҳад, шахсияти хориҷиён дар саросари кишвар муайян карда шавад”, – гуфтааст ӯ.

Русия сол аз сол на танҳо барои ҳузур ва фаъолияти худи муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин, барои оилаҳои онҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, қаблан комиссияи Думаи давлатӣ оид ба сиёсати муҳоҷират ба омодасозии як қатор ислоҳот ба қонунҳои кишвар шуруъ карда буд, ки дар онҳо санҷиши ҳатмии кӯдакони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои Русия пешбинӣ шудааст.

Вакилон дар шарҳи ин қонун гуфта буданд, ки надонистани забон на танҳо барои кӯдак, балки барои худи муассиса низ мушкил эҷод мекунад.

Рӯзи 22-юми октябр, ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон дар вилояти Свердловск Игор Мороков пешниҳод кард, ки кӯдакони муҳоҷирон, ки ба забони русӣ суст ҳарф мезананд, бо кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд баробар карда шаванд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки барои онҳо ва омӯзгорон бояд шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад.

Дар моҳи сентябри соли 2024, нашрияи “Известия” хабар дод, ки Вазорати маориф ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо тавсия додааст, ки дар синфҳо ва гурӯҳҳо на зиёда аз се кӯдаки муҳоҷиронро, ки забони русиро суст медонанд, қабул кунанд.

Қаблан, хабар дода шуда буд, ки дар Думаи давлатӣ тасмим доранд ба таълими ройгони кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия хотима бахшанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...