Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шурӯъ аз 31-уми октябр ярмаркаи фурӯши ангишт ташкил карда шуд. Дар он ангишт нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст.

Ярмаркаи фурӯши ангишт аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва КВД “Ангишти тоҷик” ташкил шуда, се рӯз, то рӯзи 2-юми ноябр идома меёбад. Масъулини ташкили ин ярмарка мегӯянд, ҳадафи асосӣ таъмини дастрасии бештари сокинон  ба маводи сӯхт дар фасли зимистони дарпешистода мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи мазкур дар маҳаллаи 34, назди саристгоҳи мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” ташкил шудааст.

Дирӯз, 31-уми октябр, дар аввалин рӯзи ташкили ярмарка, ин маҳалла нисбат ба ҳарвақта серодам буд. Сокинон дар назди даҳҳо мошини боркаш, ки ҳомили ангишт буданд, ба хариди ангишт овора буданд.

Мастура Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам даҳҳо километр роҳ тай карда, ба ин маҳалла барои хариди ангишт омадааст.

Ӯ мегӯяд, бо назардошти нархи нисбатан поёни ангишт дар ин ярмарка, аз ноҳияи дигар ба ин ҷо омад.

“Дар ин ҷо арзиши ангишт нисбат ба бозор то 50 дарсад арзонтар аст. Аз ин сабаб, чанд ҳамчоя маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки 5 тонна ангишт харем ва баробар тақсим кунем”, – гуфт Сатторова.

Воқеан, арзиши як килограм ангишт дар ярмарка аз 80 дирам оғоз мешавад. Танҳо ангишти Исфара, ки сифаташ нисбатан беҳтар ва коркардаш душвортар аст, аз дигар навъи ангишт 40 дирам гаронтар, яъне 1 сомониву 20 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.

Бояд гуфт, дар бозор як килограм ангишт то аз 1 сомониву 50 дирам то 2 сомониву 50 дирам, ангишти Қирғизистон бошад, тахминан 3,5-4 сомонӣ мебошад.

Ҳусейн Асоев, муовини директори КВД “Ангишти Тоҷик” гуфт, ки дар рӯзи аввали ярмарка ба маҳаллаи 34-и Хуҷанд 8 адад мошини калони боркаш бо миқдори беш аз 160 тонна ангишт аз корхонаҳои истеҳсолии ангишти “Фон-Яғноб”, “КМТ”, “Ангишт”, “Вена” ва ғайра овардаанд.

“Харидор зиёд аст. Аллакай чанд тонна ба фурӯш рафт. Мақсади мо таъмини дастрасии аҳолӣ ба ангишт дар зимистони дарпешистода мебошад”, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, тибқи иттилои масъулини баргузории ярмаркаи фурӯши ангишт, ин иқдом давоми се рӯз ғайр аз Хуҷанд, дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт низ ташкил баргузор мешавад.

Нархи ангишту ҳезуму таппак дар Тоҷикистон чанд аст ва сокинон чӣ гуна ба зимистон тайёрӣ мебинад? Дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...