Нархи ангишту ҳезуму таппак дар Тоҷикистон чанд аст ва сокинон чӣ гуна ба зимистон тайёрӣ мебинад?

Дар деҳоти Тоҷикистон бештари хонаҳо бо ангишту ҳезум ва ё таппак (саргини хушконидашудаи чорво) гарм карда мешаванд ва бо оғози сардӣ талабот ба ин навъи сӯзишворӣ бештар мегардад. “Азия-Плюс” аз қиммати ангишт ва ҳезум огоҳ гардид ва хароҷоти як оилаи панҷнафараро дар фасли зимистон ҳисоб кард. Ҳамчунин, аз аҳолӣ пурсид, ки ба фасли сармо чӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар деҳоти Тоҷикистон бештари хонаҳо бо ангишту ҳезум ва ё таппак (саргини хушконидашудаи чорво) гарм карда мешаванд ва бо оғози сардӣ талабот ба ин навъи сӯзишворӣ бештар мегардад. “Азия-Плюс” аз қиммати ангишт ва ҳезум огоҳ гардид ва хароҷоти як оилаи панҷнафараро дар фасли зимистон ҳисоб кард. Ҳамчунин, аз аҳолӣ пурсид, ки ба фасли сармо чӣ гуна омодагӣ мебинад.

 

Нархи ангишт чанд аст?

Имсол нархи бозории 1 кг ангишт барои истифода дар хона ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Нархи ангишти саноатӣ (хокаи ангишт), ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ истифода мешавад, ба ҳисоби миёна аз 1 то 1,5 сомонӣ мебошад.

Асосан се навъи ангишт мавҷуд аст, ки аз рӯйи сифат нархашон фарқ мекунад:

– ангишти Қирғизистон аз 3,5 то 4 сомонӣ;

– ангишти маҳалии босифат аз 2 то 2,8 сомонӣ;

– ангишти маҳалӣ барои истифода дар саноат аз 1,2 то 1,8 сомонӣ.

Арзиши ангишти маҳаллии босифат дар минтақаҳо фарқ мекунад. Масалан, нархи миёнаи ин навъи ангишт дар вилояти Суғд 2-2,40 сомонӣ, Хатлон  2,30-2,50 сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 2-3 сомонӣ ва ВМКБ 3,10-3,80 сомониро ташкил медиҳад.

 

Нарх дар конҳои ангишти Тоҷикистон чанд аст?

Дар ҶСК “Ангишт” (кони Шӯроб)-и Исфара, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нархи яклухти як тонна ангишти баландсифат 1 ҳазору 200 сомонӣ мебошад.

“Нархи 1 тонна ангишти хока 550 сомонӣ ва 1 тонна ангишти омехта 1 ҳазору 200 сомонӣ мебошад. Айни ҳол мо ҳамин ду навъи ангиштро истихроҷ мекунем, навъи бутуни ангишт дар мо истихроҷ намешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Нархи як кило ангишти навъи омехтаи чакана дар ҶСК “Ангишт” 1,2 сомониро ташкил мекунад. Фурӯшандагони ангишт мегӯянд, ки нархи миёнаи 1 кг ангишт дар бозор то 2,5 сомониро ташкил медиҳад.

“Арзиши ангишт вобаста ба хароҷоти нақлиёту роҳ муайян мешавад. Минтақаву ноҳияҳое, ки ба кони ангишт наздиканд нисбатан ангиштро арзонтар дастрас менамоянд, аммо дар ноҳияҳои дурдаст, ки харҷи роҳ бештар мешавад, арзиши ангишт низ каме баландтар аст”, – мегӯяд як фурӯшандаи ангишт дар шаҳри Панҷакент.

Дар кони “Фон-Яғноб”- ноҳияи Айнӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар кони  мазкур ду намуди ангишт истихроҷ мешавад: рӯйи заминӣ ва зери заминӣ.

“Нархи яклухти як тонна ангишти рӯйи заминӣ 396 сомонӣ ва ангишти зери заминӣ 444 сомонӣ муайян шудааст. Ангишти зеризаминӣ бо роҳи кофтани нақб гирифта мешавад ва рӯйи заминӣ бошад аз кӯҳ гирифта мешавад”, – гуфт як масъули кони “Фон Яғноб”.

 

Сокинон чӣ гуна ба фасли зимистон омодагӣ мебинанд?

Аҳолии Тоҷикистон, хусусан сокинони деҳа бо истифода аз ангишт, ҳезум ва таппак хонаҳояшонро дар фасли сардӣ гарм мекунанд.

Сокинони деҳаҳои шаҳри Панҷекент мегӯянд, ки охири моҳи октябр аллакай саҳару бегоҳ ҳаво хунук мешавад ва онҳо маҷбур шудаанд, ки хонаҳояшонро бо истифода аз ангишту ҳезум ва таппак гарм кунанд.

“Мо ҳарсол миёнаҳои моҳи ноябр ба воситаи оташдон ба гарм кардани хона шуруъ мекардем, аммо имсол нисбатан фасли сармо зудтар сар шуд. Ҳоло ангишт захира накардаем, ба воситаи ҳезуму таппак хонаҳоямонро гарм мекунем”,- мегӯяд як сокини деҳаи Рукнободи шаҳри мазкур.

Бахтинисо, сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳар сол беш аз 1 тонна ангишт мехаранд ва дар баробари  ин аз ҳезуму таппак низ барои гарм кардани хона истифода мебаранд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар сол барои гузаронидани фасли сармо барои харидани ангишту ҳезум беш аз 5 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мекунад.

“Хонаводаи мо аз шаш нафар иборат аст ва дар ду ҳуҷра оташдонро гарм мекунем. Дар деҳот гузаронидани фасли зимистон душвор аст, чунки аз пухтани хӯрок то гарм кардани об барои шустани либос сӯзишворӣ сарф мешавад. Ба ҳамин хотир, мо ҳарсол барои гузаронидани фасли сармо маблағи бисёр сарф мекунем. Чунки дар баробари ангишт ҳамчунин ҳезум низ мехарем”,- нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Бо оғози фасли сармо табалоти аҳолӣ ба ҳезум низ бештар мешавад. Фурӯшандагон мегӯянд, ҳоло як мошини тамғаи “Портер”-и ҳезум аз 500  то 1000 сомонӣ, кундаи дарахт то 2500 сомонӣ ва таппак то 1500 сомонӣ арзиш дорад.

 

Дар Тоҷикистон чанд тонна ангишт истеҳсол шудааст?

Дар вилояти Суғд конҳои ангишти КВД Ангишт, шахтаи “Фон-Яғноб”, “Талко Ресурс”, “Диёри ангишти Тоҷикистон”, “Қудрат 2010” ва “Комбинати металургии тоҷик” фаъолият мекунанд.

Тибқи иттилои Идораи саноати ҳукумати вилояти Суғд, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар конҳои ангишти вилояти Суғд 1,6 миллион тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 443 ҳазор тонна зиёдтар будааст.

Дар Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технология ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 млн 933 ҳазору 369 тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки ҳудуди 440 ҳазор тонна камтар аз нақша будааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, имсол аз рӯйи нақша беш аз 2,3 млн тонна ангишт  бояд истеҳсол гардад. Гуфта мешавад, ки дар бештари конҳо 80 дарсади нақша иҷро шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио