Ҳушдори мақомоти ҳифзи муҳити зисти Суғд: “Сӯзонидани партову хазон қатъиян манъ аст”

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сокинонро огоҳ кард, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ аст ва барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст. Абдуқаҳҳор Қаюмов, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гуфт, ки сӯзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва майдону боғҳои Суғд дар мавсими хазонрез қатъин манъ аст. “Барои […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сокинонро огоҳ кард, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ аст ва барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.

Абдуқаҳҳор Қаюмов, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гуфт, ки сӯзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва майдону боғҳои Суғд дар мавсими хазонрез қатъин манъ аст. “Барои онҳое, ки дар ҷойҳои манъшуда партов ё барги дарахтонро месӯзонанд, мувофиқи талаботи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муҷозот пешбинӣ шудааст”, – гуфт Абдуқаҳҳор Қаюмов.

Бояд гуфт, мувофиқи ин моддаи кодекс барои риоя накардани талаботи муҳофизати атмосфера ҳангоми сӯхтани партовҳо шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се нишондиҳанда, (аз 72 то 216 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда, (2160 то 2880 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда (аз 7200 сомонӣ то 14400 сомонӣ) ҷарима карда мешаванд.

Абдуқаҳҳор Қаюмов зикр кард, ки дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли 2024 6 ҳазору 500 қонуншиканӣ вобаста ба партов, ҳифзи муҳит, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, доштани моҳӣ ва шикор ошкор гардидааст. Дар натиҷа 1 ҳазору 147 ҳолати қонуншиканӣ барои расонидани зарар ба табиат муайян шуда, 374 ҳазору 206 сомонӣ ҷубронӣ зарар пардохт гардидааст. Аксари ин қонуншиниҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ашт ва шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.

Қаблан Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки давоми 8 моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ буданд, ки бевосита ба ҳаво партов хориҷ мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.