Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд

Дар 8 моҳи охир мақомоти вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Улуғбек Ҳасанов, масъули  Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки бевосита ба партофтани партов ба ҳаво кор мекунанд, инчунин ронандаҳо мебошанд. Ӯ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар 8 моҳи охир мақомоти вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Улуғбек Ҳасанов, масъули  Сарраёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки бевосита ба партофтани партов ба ҳаво кор мекунанд, инчунин ронандаҳо мебошанд.

Ӯ афзуд, дар байни онҳо мансабдорон низ ҳастанд, вале аз овардани ному насаб ва вазифаи онҳо худдорӣ кард.

Номбурда гуфт, аз ҷумла 90 ронанда дар доираи амалиёт “Ҳавои тоза”, ки дар 8 моҳ 32 маротиба гузаронида шуда, 1751 нақлиёт санҷида шуд, ҷазо гирифтанд.

“Дар рафти амалиёт нисбати 90 ронандаи воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд”, – гуфт Ҳасанов.

Амалиёти “Ҳаво тоза” дар асоси нақша чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои Суғд гузаронида шудааст.

Ҷаримаи садҳо нафар, аз ҷумла ронандагон дар ҳолест, ки мақомот ҳамеша мегӯянд, то 80 фоизи партовҳо ба атмосфера ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Мақомот барои пешгирии ифлосшавии ҳаво чораҳо низ меанҷоманд. Яке аз онҳо баровардани корхонаи сементбарорӣ аз Душанбе буд ва сабаби берун кардан пешгирӣ аз ифлосшапвии ҳаво гуфта мешавад.

Ҳамчунин, гузаштан ба нақлиёти сабз ё элетромобил низ аз дигар тадбирҳои мақомот барои пешириӣ аз ифлосшавии ҳаво дар кишвар шарҳ дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.