Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 октябр Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мешавад. Қарордод дар бораи дар пойтахти Тоҷикистон доир гардидани ин мусобиқаи байнулмилалӣ рӯзи 3 март дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд. То ҳол барои иштирок дар чемпионат аз 45 кишвар дархост расидааст. Дар рӯзи охирини рақобатҳо мусобиқаи омехтаи даставӣ баргузор […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 октябр Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мешавад. Қарордод дар бораи дар пойтахти Тоҷикистон доир гардидани ин мусобиқаи байнулмилалӣ рӯзи 3 март дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд.

То ҳол барои иштирок дар чемпионат аз 45 кишвар дархост расидааст. Дар рӯзи охирини рақобатҳо мусобиқаи омехтаи даставӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ин дуюмин чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки имсол дар Душанбе доир мегардад. Аввалин чорабинии чунин миқёс Dushanbe Grand Slam 2024 буд, ки моҳи май баргузор шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон мусобиқаи байнулмилалии сатҳи баландтарини ҷудо барои варзишгарони синнашон то 21 сола ва поинтар аз он маҳсуб меёбад.

Чемпионатҳо дар 1 сол 1 бор (ба истинои солҳои баргузории Бозиҳои олипмӣ) аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷудо гузаронида шуда, дар он ҷудокорон дар категорияҳои мувофиқ рақобат мекунанд.

Аз соли 2019 инҷониб дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни наврасон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешаванд, ки ба имтиёзҳои Гран-прии IJF барои рейтинги ҷаҳонии калонсолон, инчунин имтиёзҳо барои наврасон дар рейтинги WRL баробаранд. Ин холҳо инчунин барои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Тоҷикистон дар World Championships Juniors 2023 дар шаҳри Одивелаши Португалия иштирок кард. Дар ин мусобиқа 582 варзишгар 75 кишварро намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 9 варзишгар иборат буд.

Абубакр Шеров (73 кг) пас аз ғалаба бар варзишгари фаронсавӣ Элиот Прево ва баъдан варзишгари ҷопонӣ Кеито Кихара сазовори медали биринҷӣ гардид.

Чемпионати ҷаҳон-2023 байни ҷавонон дар доираи Силсилаи ҷаҳонии IJF ва марҳилаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии тобистонаи 2024 баргузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио