Вазорати маориф баргузории рейд дар мактабҳоро барои назорати дарсҳои иловагӣ рад кард

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маълумот дар бораи таъсиси гурӯҳи кориро барои баргузории рейдҳо дар муассисаҳои таълии Душанбе ҷиҳати санҷиши давомоти машғулиятҳои иловагӣ дар литсейу гимназияҳо рад карданд. Намояндагони Вазорат изҳор доштанд, ки чунин гурӯҳ таъсис дода нашудааст ва дар бораи фаъолияти он онҳо ҳеҷ маълумоте надоранд. «Азия-Плюс» пас аз расидани хабар аз якчанд […]

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маълумот дар бораи таъсиси гурӯҳи кориро барои баргузории рейдҳо дар муассисаҳои таълии Душанбе ҷиҳати санҷиши давомоти машғулиятҳои иловагӣ дар литсейу гимназияҳо рад карданд. Намояндагони Вазорат изҳор доштанд, ки чунин гурӯҳ таъсис дода нашудааст ва дар бораи фаъолияти он онҳо ҳеҷ маълумоте надоранд.

«Азия-Плюс» пас аз расидани хабар аз якчанд волидон дар бораи ба баъзе литсейҳо омадани кадом як “гурӯҳи корӣ” ҷиҳати санҷиши дарсҳои иловагӣ, ки падару модарон барои он маблағ пардохт мекунанд, ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои шарҳ дархост фиристод.

Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон ба идораи “Азия-Плюс”, ин рейдҳо баъди аз ҷониби яке аз волидони хонандаи литсейи №5-и пойтахт рад шудани пардохти маблағ барои машғулиятҳои иловагӣ ва аз болои директори муассисаи таълимӣ ба додгоҳ шикоят бурдан, оғоз шудаанд.

Дар Вазорати маориф зикр карданд, ки ташаббуси баргузории санҷишҳо метавонист аз ҷониби худи муассисаҳои таълимӣ ё дигар мақомоти дахлдор сурат гирад.

Қобили зикр аст, ки қаблан президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш таъкид дошта буд, ки  дахолати сохторҳои ҷудогона ва мақомоти ҳокимият ба кори соҳаи маориф, инчунин баргузории санҷишҳои ғайринақшавӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтаанд. Ӯ ба мақомот дастур дод, ки аз дахолат ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мактабу омӯзгорон ххуддорӣ шавад. Ин гуфтаҳои ӯ аз ҷониби ҳозирин ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Дар бораи машғулиятҳои иловагӣ

Аз Вазорати маориф огаҳӣ ёфтем, ки баргузории дарсҳои иловагӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, оё метавон онҳоро рад кард ва инчунин дар кадом ҳолатҳо метавон маблағи онро пардохт накард?

Машғулиятҳои иловагӣ пас аз дарсҳои асосӣ гузаронида мешаванд ва набояд мавзӯъҳои ҳамон дарсҳоро такрор кунанд. Масалан, агар дар рӯзи душанбе дарсҳои асосӣ аз математика, забони русӣ, таърих ва забони давлатӣ иборат бошанд, пас машғулиятҳои иловагӣ бояд аз дигар фанҳо бошанд.

Оё волидон метавонанд аз чунин машғулиятҳо даст кашанд?

Волидон ҳақ доранд, ки аз дарсҳои иловагиро рад кунанд, зеро маҳз барои ин машғулиятҳо маблағ пардохт мешавад. Дар Тоҷикистон ҳамаи мактабҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, дарсҳои ройгон пешниҳод мекунанд. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар кӯдакон аз рӯи барномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илм таълим мегиранд. Дар муассисаҳои таълимии навъ (тип)-и нав (литсейу гимназияҳо) метавонанд фанҳо ва дарсҳои иловагӣ ҷорӣ карда шаванд.

Маблағҳое, ки волидон дар муассисаҳои типи нав пардохт мекунанд, барои машғулиятҳои иловагӣ, сафарҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳо барои хонандагон истифода мешаванд.

“Ҳадаф аз таъсиси муассисаҳои навъи нав дар гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ, омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, мусобиқаҳо ва маҳфилҳои гуногун мебошад. Ин мактабҳо ба рушди тафаккури интиқодӣ, қобилиятҳои эҷодӣ ва донишҳои амиқи хонандагон мусоидат мекунанд, ки ба пешрафти таҳсилу давомот ва ҳавасмандии онҳо ба омӯзиш таъсири мусбат мерасонад. Ба туфайли раванди густурдаи таълимӣ, хонандагон ба ошкор намудани қобилияту истеъдоди худ ва омода гардидан ба дастовардҳои касбии оянда имкон пайдо мекунанд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Аммо мактабҳои хусусӣ пулакӣ буда, маоши омӯзгорон тибқи шартномаи байни волидон ва мактаб пардохта мешавад. Мувофиқи моддаи 55-и қонун дар бораи маориф, меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ дар қаламрави дахлдор кам буда наметавонанд. Маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.

Агар шартнома имзо карда бошед, наметавонед рад кунед

Дар Вазорат шарҳ доданд, ки моҳи сентябр ба ҳамаи волидон шартнома бо муассисаи таълимӣ пешниҳод мешавад. Барои омӯзиши дақиқ ва имзои он вақти кофӣ дода мешавад, то ки баъдан мушкилот ё нофаҳмиҳо ба миён наоянд.

Агар волидон шартнома имзо карда бошанду сипас аз машғулиятҳои иловагӣ барои фарзандонашон даст кашанд, онҳо наметавонанд пардохти пул барои дарсҳои иловагиро рад кунанд. Ин маънои онро дорад, ки пеш аз имзои шартнома бояд бо ҳамаи шартҳои он бодиққат шинос шавед.

Вазорати маориф ба волидон боисрор тавсия медиҳад, ки ба ҳамаи бандҳои шартнома таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва дар сурати нофаҳмо будани онҳо савол диҳанд, то ки минбаъд ба ҳолатҳои ногувор дучор нашаванд.

Волидоне, ки аз дарсҳои иловагӣ дар литсей ё гимназия даст кашидан мехоҳанд, ба ин ҳақ доранд.

“Агар шартнома имзо нашуда бошад, волидон метавонанд ба таври одӣ имзои онро рад кунанд, зеро машғулиятҳои иловагӣ ҳатмӣ нестанд ва ба барномаи ҳатмии таълимӣ дохил намешаванд. Лекин муҳим аст, ки мактаб аз ин нияти рад кардани чунин хидматрасонӣ огоҳ карда шавад”, – илова намуданд дар Вазорат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.