Ҳавои Тоҷикистон сарду боронӣ ва ҳарорат то 7-9 дараҷа поин меравад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзҳои 6-7 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби ба қаламрави кишвар ворид шудани анбуҳи ҳавои сард аз самти шимолу ғарб ноустуворшавии обу ҳаво ва боришот пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи боришот дар ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 7-9° паст шуда, 6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо вазиши шиддатнокии шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Чунин шароити обуҳаво метавонанд ба ҳолатҳои фавқулодаи зерин боис гарданд:

– зиёд шудани ҳолатҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ, маҳдудшавии ҳаракат бинобар шуста шудани пулҳо ва вайроншавии роҳҳо;

– хавфи зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби борон бинобар норасоиҳо дар системаи ҷӯйбору заҳбурҳо;

– болоравии сатҳи об дар сойу дарёҳо ва зери об мондани заминҳо, аз ҷумла заминҳои кишоварзӣ.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ Кумита тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худ ва селроҳаҳоро аз хасу хошок ва сангу хок тоза кунанд. Ҳамчунин хавфи аз кор баромадани хатҳои интиқоли барқ, афтодани дарахтҳо ва вайрон шудани боми хонаҳо вуҷуд дорад.

“Аз ин рӯ, ҳангоми дар кӯча будан аз қарор доштан дар наздикии хатҳои интиқоли барқ, дарахту лавҳаҳои рекламавӣ худро эҳтиёт намоед”, – зикр мекунанд дар Кумита.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Зикр мешавад, ки дар сурати рух додани ҳодисае сокинон ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг зананд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...