Дар Душанбе Маросими боҳашамати кушодашавии мағозаи HONOR дар фазои хос гузашт ва дар он блогерон, моделу тарроҳон, варзишгарон, шарикони кор ва дӯстдорони бренд иштирок карданд.
HONOR садҳо намуд маҳсулот мебарорад – смартфон, ноутбук, соат, гӯшмон ва ҳамагуна аксесуарҳо. Хосияту бартариятҳои смартфонҳои HONOR – онҳо арзону дастрас ва бениҳоят мустаҳкаманд. Ҳозирин шоҳиди мустаҳкамии маҳсулоти ин ширкат низ гардиданд.
Озмуну викторинаҳо зиёд буданд. Даҳҳо нафар барои донистани моделҳои смартфонҳои ин бренд ё аз масофа ба сабад партофтани смартфони ин ширкат соҳиби тӯҳфа шуданд.
Мағозаи расмии HONOR барои тамоми молу таҷҳизоти худ 1 сол кафолат медиҳад. HONOR талош мекунад, ки дар фазое, ки рақобат хеле ҷиддӣ ва пуршиддат аст, намунаҳои таҷҳизоти ҳушманди беҳтаринро пешниҳод кунад.
Мағоза дар кӯчаи Турсунзода, 16 ҷойгир аст – рӯ ба рӯйи “Ёвар”.


