Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад

Date:

Дирӯз, 7-уми ноябр дар роҳи Самара-Шимкент як автобуси пур аз мусофир, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекард, вайрон шудааст. Дар автобус 56 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 4 ноболиғ қарор доштаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.

Автобуси Van Hool” дар наздикии деҳаи Калибайи вилояти Актюбински Қазоқистон вайрон шудааст. Кормандони хадамоти роҳ ронанда ва ҳамаи мусофиронро наҷот дода, ба ҷойҳои бехавф бурдаанд. Касе аз мусофирон ҷароҳат набардоштааст.

Сабаби ин ҳодиса номусоидии ҳаво гуфта мешавад. Дар робита ба ин, пулис шабонарӯзӣ ҳаракатро танзим мекунад ва ба ронандагон кӯмак мерасонад.

Дар бораи будани мусофирони тоҷик дар автобус иттилоъ дода намешавад.

Ҳодисаи ба ин монанд, 5-уми ноябри ҳамин сол рух дода буд. Дар роҳи мазкур автобуси шомили 38 мусофир, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд, шикаста буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон мусофиронро ба деҳаи Иргиз кӯчонида, ба онҳо кӯмаки зарурӣ расонида буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба рақами 112 тамос гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...