Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид

Asia-Plus

Дар натиҷаи боронҳои сахти рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд сел омада, роҳҳо ва хонаҳои чандин нафарро вайрон кардааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, гуфтааст, ки ин бронҳо боиси ташвишу изтироби сокинон шуд ва ҷо-ҷое харобиҳо ҳам ба бор овард. Аммо гуфта мешавад, дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, 6-уми ноябр соати 14:30 дақиқа дар километрҳои 100 ва 108-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ сел сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шудааст. Танҳо баъди тоза кардани он соати 18:31 дақиқа роҳ барои ҳама намуди воситаи нақлиётҳо боз гардидааст.

Ширкати IRS ҳам рӯзи 6-уми ноябр аз омадани сел дар километрҳои 100 – 108-уми масири Душанбе-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) хабар дода,  навишта буд, ки зарари офати табиӣ дар ин минтақа чашмрас аст ва баъзе қитъаҳои роҳ пурра вайрон шудаанд.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи КҲФ, дар ҳамин рӯз соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати Қалъаи Лабиоби ноҳияи Тоҷикобод баъди бориши борони зиёд  сел омада, ба  4 хонаи истиқоматӣ ва 5 оғилхона ворид гардидааст.

“Дар ин ҳодиса 2 пули мошингузари байни деҳа ва масофаи тақрибан 80 метр роҳи мошингузаро қисман зарар дид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда аҳолии деҳаи Миразиёнро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидид”, – мегӯчд КҲФ.

Дар натиҷаи борони дурӯза санаи 7-уми ноябр соати 02:20 дақиқа дар километрҳои 1, 3, 37  ва 40-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор ҳам аз селроҳа сел омада, боиси баста шудани роҳ шудааст. 

“Ҳамчунин дар километри 37-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор як адад автомашинаи сабукрави тамғаи “Opel” -ро сел аз канори роҳ тақрибан ба масофаи 15 метр аз роҳ берун бароварда, дар соҳили дарёчаи Рубоднол партоб кард. Хидматчиёни ҳарбии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор якҷо бо аҳолӣ ронанда ва 4 нафар мусофири мошинро наҷот доданд”, – омадааст дар хабари КҲф.

КҲФ гуфтааст, ки гурӯҳҳои корияшро ба минтақаҳои селзада дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор фиристодааст ва онҳо ҳоло паёмадҳои селро бартараф карда истодаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз рӯзи 4-уми ноябр Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар аз сард шудани ҳаво дар рӯзҳои 6-ум ва 7-уми ноябр хабар дода, гуфта буд, ки эҳтимол боронҳои пуршиддат борад.

Дар робита ба ин огоҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...