96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зиёд шудани ҳодисаҳои хушксолӣ, обхезӣ, лағжидани ярчҳо, гармӣ ва ифлосшавии ҳаво – ин танҳо чанде аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошанд, ки Тоҷикистон ба онҳо дучор мешавад. Ин офатҳои табиӣ зарурати роҳандозии тадбирҳои фаврии ҳифзи аҳолӣ ва иқтисоди кишвар аз ногаҳонӣ тағйирёбии иқлимро тақозо мекунанд. Дар ин бора дар Гузориши иқлим ва рушди Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон таҳия шудааст, маълумот дода мешавад.

«Беамалӣ арзиши гарон дошта, ҳаёти одамон ва дурнамои рушди иқтисодиро зери хатари ҷиддӣ мегузорад», — таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

 Дар санад зикр мегардад, ки Тоҷикистон стратегияи афзоиши устувории иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз»-ро таҳия кардааст, то ки ба оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим муқовимат карда, аҳолии худро ҳифз намояд. Ин стратегия ба коҳиши осебпазирии кишвар аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ ва лағзиши ярч равона шудааст. Дар гузориш барои расидан ба устувории экологӣ ва рушди фарогири иқтисодӣ тадбирҳо пешниҳод шудаанд.

Барои амалисозии ин стратегия Тоҷикистон ба маблағгузории назаррас ниёз дорад. Интизор меравад, ки кишвар барои чораҳои мутобиқшавӣ ба иқлим тақрибан 17 млрд доллар ва барои ислоҳот то соли 2050 – 79 млрд доллар сарф кунад. Қисме аз ин маблағҳо метавонад тавассути сармоягузории хусусӣ ва кӯмакҳои байналмилалӣ ҷалб карда шаванд.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисоди Тоҷикистон аллакай аз ҳоло эҳсосшаванда аст. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, то соли 2050 коҳиши ҳосилнокии соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ метавонад ба аз даст додани то 6% ММД оварда расонад.

Ифлосшавии ҳаво аллакай сабаби фавти баланд аст – 84 ҳолат ба ҳар 100 ҳазор нафар, ки дуюмин нишондиҳандаи баланд дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Интизор меравад, ки бидуни чораҳои мутобиқшавӣ беш аз 100 ҳазор нафар зери хатти фақр қарор гирифта, фишор ба хадамоти иҷтимоӣ зиёдтар мешавад.

Тадбирҳои асосӣ

Афзалиятҳои стратегии кишвар аз якчанд самт иборат аст, аз ҷумла такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, ҷалби маблағгузорӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳтарсозии захираҳои обию энергетикӣ, инчунин рушди энергетикаи “сабз”.

Гузориш панҷ самти асосиро муайян мекунад, ки барои таъмини гузариши устувор ва фарогир ба иқтисоди “сабз” заруранд.

1. Такмили ниҳодҳо ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ. Таъсиси механизмҳои танзими иқлимӣ, ба монанди маблағгузорӣ ба хавфҳо, баҳисобгирии партовҳои карбон ва буҷет ба иқлим, ба давлат ҷиҳати қабули қарорҳои самаранок дар соҳаи мутобиқшавӣ кумак мекунад.

2. Амалисозии стратегияҳои фарогири иқлим. Ин аз дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, рушди имкониятҳои шуғл ва бозомӯзии кормандон барои талаботи иқтисоди «сабз», инчунин ҷалби мақомоти маҳаллӣ ба мубориза бо тағйирёбии иқлим иборат аст.

3. Ҷалби маблағгузорӣ ба иқлим. Афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ ва давлатӣ ба устувории иқлим, нашри вомбаргҳои «сабз» ва ҷорӣ кардани механизмҳои тақсими хавфҳо ҷиҳати баланд кардани устувории низоми молиявӣ ба ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим имконият медиҳанд.

4. Мутобиқшавӣ дар алоқамандии «об – энергия – озуқаворӣ». Усулҳои муосири идоракунии захираҳои об, навсозии обанборҳо ва системаи обёрӣ, инчунин барқарорсозии заминҳои харобшуда ба коҳиши хатари норасоии об ва озуқаворӣ мусоидат мекунанд.

5. Суръат бахшидан ба рушди энергетикаи “сабз”. Рушди энергетикаи барқи обӣ ва офтобӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикии нақлиёт ва биноҳо ба рушди иқтисод ва беҳтар шудани вазъи экологии кишвар мусоидат мекунанд.

Татбиқи тадбирҳои пешниҳодшуда ба беҳтаршавии назарраси ҳолати муҳити зист, коҳиши партовҳои карбон ва барқарорсозии заминҳои харобшуда мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки то соли 2050 дар бахшҳои нақлиёт ва партовҳо ба сатҳи амалан сифрии партовҳо ноил гардем.

Манфиатҳои интизоридошта аз татбиқи стратегия беҳбуди амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, коҳиши хатари ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба обуҳаво ва барқарорсозии тақрибан 500 ҳазор гектар заминҳои харобшударо дар бар мегиранд.

Нақшаи стратегии Тоҷикистон дар самти устувории иқлим аз иродаи кишвар барои муқовимат бо таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди “сабз” шаҳодат медиҳад. Гуфта мешавад, муваффақияти ин стратегия ба дастгирии шарикони байналмилалӣ, иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ ва омодагии ҷомеа ба тағйирот вобаста хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...