Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард

Asia-Plus

Вакилони палати поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”-ро қабул карданд. Он барои кӯмак ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ равон карда шудааст. Дар ин бора шуъбаи матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки имрӯз, 13-уми ноябр дар иҷлосияи навбатии ин ниҳоди қонунгузор, ки таҳти раёсати  Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон гузашт, ҳамчунин, Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун (Лоти 4) баррасӣ шуд. Дар бораи он ки ин созишнома қабул шудааст ё не хабар дода намешавад.

Сомонаи Маҷлиси намояндагон менависад, ки қонун  дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби вакилони парлумон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кӯмак ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

“Бинобар ин, дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавасути пардохти нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст”, гуфтаанд вакилони парлумон.

Ба таъкиди онҳо, маҳз фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд.

“Аз ин лиҳоз, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст”, – гуфтаанд вакилон.

Намояндагони халқ ба ин назаранд, ки соҳибкории иҷтимоӣ бояд барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна, зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ замина гузорад.

Ҳамчунин, қабули ин қонун дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори (ҲРУ) СММ дар Тоҷикистон саҳм гузошта, ба ин васила яке аз уҳдадориҳои байналмилалии кишвар амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки соҳибкории иҷтимоӣ фаъолиятест, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷомеа ё як гурӯҳи иҷтимоӣ равона гардида, мақсадаш гирифтани фоида тариқи ҳалли масъалаҳо ё мушкилоти иҷтимоӣ аст. Яъне агар ҳадафи соҳибкории анъанавӣ танҳо ба даст овардани фоида бошад, соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мехоҳад даромад ба даст орад.

Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 гуфтугӯҳо оғоз гардид. Баъди таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва давоми қариб 5 сол лоиҳаи қонунро омода ва имрӯз қабул шуд.

Он баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ, имзои президенти кишвар ва нашри он дар матбуот ба ҳукми амал медарояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...