Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт

Asia-Plus

Имрӯз дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) аввалин мурофиаи додгоҳии 8 чеҳраи шинохтаи боздоштшуда паси дарҳои баста баргузор гардид.

Мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда бештар аз 3 соат давом кард, наздикони гумонбарон ба он роҳ дода нашуданд, танҳо дастикам 6 вакили дифоъ ба мурофиа даромаданд.

Ба иттилои дастрас, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ Шавкат Лутфуллозода ин парвандаро баррасӣ кардааст. Ҳамчунин, се додраси дигар ва намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон низ дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ шуданд.

Дастикам ду вакили дифоъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бо далели мӯҳри махфӣ доштан, дар робита ба парванда ҳарфе намезананд.

Як манбаи огоҳ ба далели ифшо нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз муҳокимаи 8 чеҳраи шинохта баргузор гардид, ки аксарашон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.

Наздикони боздоштшудаҳо аз ҷузъиёти парванда изҳори бехабарӣ мекунанд.

Муҳокимаи баъдӣ рӯзи душанбеи оянда, 18-уми ноябр, баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард.

Рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:

– Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;

– Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;

– Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;

– Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид ва расонаӣ нашудааст;

– Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...