“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе мурофиаи дуввуми чеҳраҳои шинохтаи сиёсати тоҷик, ки дар зарфи шаш моҳи охир боздошт ва ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шуданд, паси дарҳои баста баргузор гардид.

Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) тақрибан 4 соат идома кардааст, наздикони гумонбарон ба толори мурофиа роҳ дода нашуданд, танҳо вакилони дифоъ ба мурофиа даромаданд.

Мақомот бо далели муҳри махфӣ доштани парвандаҳо аз ҷузъиёти мурофиа иттилоъ намедиҳанд.

Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфтанд, ки “мурофиа дар СИЗО баргузор мешавад ва парвандаҳо мӯҳри махфӣ доранд, мо чизе намедонем”.

Вакилони дифоъ ва пайвандони нафарони боздоштшуда низ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.

Як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мурофиаи ахир назари айбдоршавандаҳо нисбати парванда гирифта шудааст.

Ба иттилои дастрас, дар мурофиаи имрӯз 4 айбдоршаванда – Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки парвандаи онҳо ба якдигар иртибот дорад, вале аксар айбдоршавандагон иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд.

Интизор меравад, ки мурофиаи сеюм рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр баргузор шавад ва дар он чанд айбдоршавандаи дигарро бозпурсӣ кунанд.

Аввалин мурофиаи додгоҳии 8 чеҳраи шинохтаи боздоштшуда рӯзи 14-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) паси дарҳои баста баргузор гардида буд.

Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард.

Рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:

– Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;

– Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;

– Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;

– Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;

– Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.

Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...