Як куштаву чор захмӣ. Чин аз Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандонашро дархост намуд

Бо истифода аз маводи расонаҳо

Вазорати корҳои хориҷии Чин дар робита ба ҳодисае, ки рӯзи 18 ноябр рух дод, изҳорот пахш кард. Бар асари ҳамла дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1 шаҳрванди Чин ҳалок ва боз 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора ВАО бо истинод ба изҳороти ВКХ Чин аз 19 ноябр хабар медиҳанд.

“Рӯзи 18 ноябр мавзеи корхонаи хусусии Чин дар минтақаи наздимарзӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар ҷониби Тоҷикистон ҷойгир аст, мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷа 1 шаҳрванди Чин ҳалок ва 4 нафари дигар захмӣ шуданд. Чин қотеъона ин ҳамлаи бераҳмонаро маҳкум намуда, нисбати қурбониён андуҳи амиқ ва ба хонаводаҳои ҷабрдидагон ва ҳалокшудагон тасаллияти самимии худро изҳор мекунад”, – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Чин.

Ба иттилои хабаргузории «Франс-Пресс», кормандони сафорати Чин дар Душанбе ба минтақаи ҳамла омадаанд, то ки «корҳоро барои ҳалли масъала ҳамоҳанг созанд». Сафири Чин аз Тоҷикистон даъват кард, ки «ҳарчи зудтар ҳодисаро таҳқиқ намояд».

«Дар робита ба вазъият дар минтақаи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, мо ба шаҳрвандон ва корхонаҳои Чин хотиррасон мекунем, ки ба масъалаи амният диққати махсус диҳанд», — зикр мешавад дар изҳорот.

Кӣ ва бо кадом мақсад ба шаҳрвандони Чин ҳамла кард?

Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст.

Мақсади ҳамла, шаххсият ва теъдоди ҳамлагарон маълум нест. Ҳоло ҳеҷ касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.Дақиқ маълум нест, ки ҳодиса кори қочоқчиёни маводи мухаддир будааст ё гурӯҳҳои ҷангҷӯ.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ба ҷуз шаҳрвандони Чин як сокини маҳаллӣ низ захмӣ шуда, ҳамаи ҷабрдидагон ба беморхонаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бурда шудаанд.

“Мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва таҳқиқ мекунанд", – гуфтааст яке аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ширкати Чин дар марз бо Афғонистон ба чӣ кор машғул аст?

Тибқи маълумоти манбаи Радиои Озодӣ, корхонаи истихроҷи Чин дар дараи Зарбузи ҳаммарз бо Афғонистон корҳои иктишофӣ анҷом медиҳанд. Дара як қисмати мамнуъгоҳи Даштиҷум буда, камее дуртар аз мавзеи Сари Ғор воқеъ аст. Дар ин ҷо комендатураи сарҳадӣ низ ҷойгир аст.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон фаъолона дар истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла тилло иштирок мекунанд. Дар ҷумҳурӣ якчанд корхонаҳои истихроҷи тилло бо қисман ё пурра сармоягузории чиниҳо амал мекунанд.

Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон 1344 километрро ташкил дода, қисмати зиёди он тариқи дарёи Панҷ дар мавзеи душворгузори кӯҳистон мегузарад.

Қитъаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо масофаи зиёда аз 100 километр яке аз қитъаҳои мушкилтарин маҳсуб меёбад. Солҳои пеш дар ин ҷо чандин маротиба гаравгонгирии одамон, ҳамла ба шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон сурат гирифта, лекин ҳамла ба шаҳрвандони Чин бори аввал аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...