Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти гумруки Ӯзбекистон бо сабабҳои ҳоло номаълум аз 5-6 ноябри соли равон барои анҷоми расмиёти гумрукии ҳар як тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳи машғул ба интиқоли ин маҳсулот хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то ин дам ин маблағ 35 долларро ташкил медод.

Ӯ бар ин назар аст, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16 октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, – гуфт ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”.

Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон интиқолдиҳандаи асосии семент ба Ӯзбекистон аст. Талаботи солонаи воридоти семент ба ин кишвар 2,2 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба маблағи умумии 21 млн доллар ҳудуди 532 ҳазор тонна семент содир кардааст, ки 250 ҳазор тонна (7,8 млн доллар) камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Зиёда аз 300 ҳазор тонна (57% аз ҳаҷми умумӣ) семент ба Афғонистон ва беш аз 230 ҳазор тонна (43%) – ба Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.

Манбаъ таъкид дошт, ки айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон 30 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, сохтмон ва таъмиру навсозии чандин иқтидори дигар идома дорад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, манъи воридоти ин маҳсулот аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 низ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол боздошта буд. Аммо баъди се ҳафта бо қарори дигари худ аз 23 май ин маҳдудиятро бекор кард.

Қобили зикр аст, ки семент яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тоҷикистон аз соли 2018 аз рӯи ҳаҷми гардиши моли хориҷии Ӯзбекистон дар мақоми 5-ум қарор дорад. Интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тайи 6 соли ахир аз 132 млн доллар дар соли 2018 то ба 353,4 млн доллар дар соли 2023 зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...