Иттиҳом алайҳи чор гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тағйир доданд

Asia-Plus

Мақомоти тафтишот моддаи айбдорӣ нисбат ба чор гумонбари амали террористӣ дар "Крокус Сити Холл”-ро тағйир дод. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба адвокати онҳо Александр Ярин иттилоъ медиҳад.

Ин ҷо дар бораи Исроил, Аминҷон ва Диловар Исломовҳо, инчунин Алишер Қосимов сухан меравад. Ба онҳо мутобиқи моддаи 205.1, қисми 3 Кодекси ҷиноии Русия (ҳамдастӣ дар амали террористӣ, ки дар натиҷаи он амали террористӣ содир шудааст) айбнома пешниҳод шудааст. Мутобиқи ин модда ба айбдоршавандагон ҷазои аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Қаблан ин шахсон мутобиқи моддаи 205, қисми 3, банди “б” КҶ Русия (амали террористӣ, ки ба марги шахс боис шуд) айбдор карда мешуданд. Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 20 сол бо маҳдуд кардани аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ё ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, додгоҳ муҳлати дар ҳабс қарор доштани онҳоро то 22 феврали соли 2025 дароз кард.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, Исроил Исломов ва ду писари ӯ – Диловар ва Аминҷон аз ниятҳои террористони эҳтимолӣ огаҳӣ доштанд. Ҳамчунин онҳо ба айбдоршавандагон автомашинаи Renault-ро фурӯхтаанд, ки дар рӯзи содир шудани амали террористӣ онҳо бо он равуо дошта, сипас дар вилояти Брянск боздошт шуданд.

Алишер Қосимов бошад, мувофиқи фарзияи тафтишот, ба террористони эҳтимолӣ дар Путилково манзил иҷора додааст. Дар ҷаласаи додгоҳ ӯ изҳор намуд, ки бо онҳо тариқи сомонаи эълонҳо шинос шудааст. Вақти манзилро ба иҷора гирифтан, онҳо гӯиё худро сохтмончиён муаррифӣ кардаанд.

Рӯзи 19 ноябр Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон – Муҳаммадсобир Файзов, Далердҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро, ки дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, се моҳ – то 22 феврали соли оянда дароз кард.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дода, бар асари он 145 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 кас осеб диданд. Рӯзи дигар, 23 март дар вилояти Брянск 4 нафар гумонбарон боздошт шуданд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов.

Баъдан боз 7 нафар ҳаммаслакони эҳтимолии онҳо, аз ҷумла бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо, падари онҳо Исроил Исломов, инчунин Алишер Қосимов, Лутфулло Назирмад, Ёқубҷон Юсуфзод ва Муҳаммад Шарифзод ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Ба иттилои директори Хадамоти федералии амният (ФСБ), дар доираи ин парванда ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса, боздошти гумонбарон ва ҷараёни тафтишотро метавонед дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...