Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард

Date:

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон Алиризо Бегдилӣ, дипломати собиқадори эрониро сафири ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон таъйин кардааст. То ин дам сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистонро Ҳасан Козимӣ Қумӣ ба уҳда дошт. Дар ин бора дирӯз, 24-уми ноябр расонаҳои Эрон хабар доданд.

Ҳасан Козимӣ ду моҳ пеш аз қудратро ба даст гирифтани гурӯҳи Толибон* дар моҳи октябри соли 2021 дар Афғонистон ба унвони намояндаи расмии раисҷумҳури Эрон дар Афғонистон интихоб шуда буд.

Бар асоси фармони Ароқчӣ мансаби намояндаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон аз зери назари президент мисли пешина ба тобеияти Вазорати корҳои хориҷии Эрон гузашт.

“ББС форсӣ” навиштааст, ки ин тағйирот метавонад барои соддатар кардани равобит ва ҳамоҳангии беҳтар дар дохили сохтори сиёсати хориҷӣ анҷом дода шуда бошад.

“Бо ин тағйирот, ба назар мерасад, ки Эрон мехоҳад фаъолияти худро дар умури Афғонистон ба таври муассиртар ва мутамарказ пеш барад”, навиштаатс ин расона.

Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки Алиризо Бегдилӣ 63 сол дошта, қаблан дар вазифаҳои гуногуни вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломӣ кор карда, сафири Эрон дар кишварҳои Озарбойҷон, Туркия ва Қибрис (Кипр) будааст.

Эрон ҳарчанд гурӯҳи Толибонро ба расмият намешиносад, вале бо онҳо равобити дипломатӣ дорад. Ҳамчунин, Эрон намояндагии дипломатии Афғонистон дар ин кишварро ҳам дар ихтиёри Толибон қарор додааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ӯзбекистон низ Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи худро сафири нави ин кишвар дар Афғонистон таъин карда буд.

Аз миёни ҳамсоякишварҳои Афғонистон танҳо Тоҷикистон аз замони дигарбора қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар аз ин гурӯҳ интиқод мекунад ва борҳо хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар ҳамсоякишвар шуда буд.

Аммо вақтҳои охир мақомдорони Толибон аз диду боздидҳои намояндагони Тоҷикистон бо ин гурӯҳ хабар медиҳанд.

Чанде пеш Ҳамдуллоҳи Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфта буд, ҳайати ду тараф дар ин авохир рафтуомад доштанд. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки ин рафтуомадҳо кай ва чӣ гуна сурат гирифтаанду киҳо дар он ширкат доштаанд..

Тоҷикистон то ҳол ба ин гуфтаҳои мақомдорони гурӯҳи Толибон вокуниш накардааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...