6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли 2025 ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 49,6 миллиард сомонӣ (беш аз $4,5 млрд) пешбинӣ гардидааст. Ин маблағ дар қиёс ба буҷаи имсола 6,6 млрд сомонӣ ё 15,4% зиёд мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»-ро дирӯз, 4-уми декабр вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расониданд.

Сомонаи парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар иҷлосияи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ба ғайр аз буҷети давлатӣ барои соли 2025 инчунин, дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027-ро баррасӣ шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии қонуни буҷет дар назди вакилон гуфтааст, соли оянда даромади буҷет аз ҳисоби чунин манбаъҳо пурра мешавад:

– 22,7 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андоз (20,4% зиёдтар нисбат ба соли 2024);

– 10,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ (23,4% зиёдтар нисбат ба соли 2024);

– 1,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби воридоти пардохтҳои ғайриандозӣ (34,4 зиёдтар нисбат ба соли 2024);

 – 11,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ (60% аз ҳисоби грантҳо ва 40% аз ҳисоби қарзҳо)

Ба иттилои вазир, нақшаи қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2025-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 51,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барзиёдии хароҷот қариб 2 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан мақомот мегуфтанд, ки ин маблағро аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн мекунанд. маълум нест, ки имсол онро чӣ гуна ҷуброн хоҳанд кард.

Қариб 24 миллиард сомонии буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ равона шудааст. Ин қариб 50 дарсади қисми хароҷоти буҷетро дарбар мегирад.

“Ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт бошад, 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ба мустаҳкам намудани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард”,-зикр мешавда дар хабарномаи парлумон.

Гуфта мешавад, хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 37,7 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 2,7 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласиа дирӯзаи парлумон нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохтҳои давлатӣ, ҷарима, андозу боҷҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд ва аз 72 сомонии ҳозира ба 75 сомонӣ муқаррар шуд.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат баъзе аз нуктаҳои буҷети давлатии соли 2025-ро эълон карда буд. Ӯ зикр намуд, ки хароҷоти буҷа ба 31,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) кишвар барои соли оянда баробар аст.

Ёдовар мешавем, ки қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон 43 миллиард сомонӣ ва қисми хароҷоти он 44,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Имсол ҳам қисми зиёди буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда мешавад. Аз ҷумла, 8231,9 млн сомонӣ ба соҳаи маориф, 3488,9 млн сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ, 5533,6 млн сомонӣ ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 1716,7 млн сомонӣ ба соҳаи фарҳанг ва варзиш равона карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...