СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ДЕКАБР Соли 2002 – Бонки Ҷаҳонӣ бори аввал тасмим гирифт, ки барои татбиқи барномаи коҳиш додани камбизоатӣ дар Душанбе 800 ҳазор доллар грант ҷудо кунад. Соли 2010 – дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Соли 2012 – дар минтақаи […]

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ДЕКАБР

Соли 2002 – Бонки Ҷаҳонӣ бори аввал тасмим гирифт, ки барои татбиқи барномаи коҳиш додани камбизоатӣ дар Душанбе 800 ҳазор доллар грант ҷудо кунад.

Соли 2010 – дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 – дар минтақаи истироҳативу саёҳатии Ҳисор – дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи "Истиқлол" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2015 – Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

Соли 2017 – Дар шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима шуд.

Соли 2019 – Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид.

Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳтарини тамаддун дар Суғд буда, соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Ҳоло он яке аз қадимтарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии деҳаи Саразм, 15 км ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Он ба хотири арзиши бебаҳои фарҳангӣ доштанаш соли 2010 ба Феҳристи мероси ғайримоддии Юнеско ворид гардид.

Соли 2023 – “Ҷашни Сада” ва “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор ба шумор меравад.  Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Тазҳиб, зарандуд ё тиллокориро метавон маҷмуае аз нақшҳои бадеъ ва зебо донист, ки наққошону музаҳҳабон барои ҳарчӣ зеботар кардани китобҳои мазҳабӣ, Қуръон, китобҳои таърихӣ, Девонҳои ашъор, ҷунгҳои ҳунарию қитъаҳои зебои шеърӣ ба кор мебурданд.

Соли 2020 – БОР дар ҳаҷми 105 миллион доллар кӯмаки бепулро барои ислоҳот ва устувории молиявии бахши энергетика дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

 

ШАХСИЯТҲО – 6 ДЕКАБР

Соли 1925 – зодрӯзи Ҳоҷиумар Қосимов, навозанда ва устоди рақс

Соли 1930 – мавлуди Бобохон Иномов, ҳуқуқшиноси тоҷик

Соли 1931 – зодрӯзи Ризвоншо Игмолшоев, сарояндаи сурудҳои халқӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Соли 1939 – зодрӯзи Мубинҷон Юсуфӣ, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Соли 1940 – мавлуди Соҳибназар Ғоибназаров, китобдор, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои 1987 – 1998

Соли 1962 – зодрӯзи, Гулчеҳра Қоҳирова, ахтаршиноси тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика

Соли 2016 – Мирзо Файзалӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар 75-солагиаш аз олам даргузашт

Соли 2023 – Амиршо Миралиев, ходими давлатӣ ва яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ВАЗЪИ ОБУ ҲАВО БАРОИ 6 ДЕКАБР

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона 4+9º гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º хунук, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º хунук мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º хунук, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29º хунук, дар баъзе минтақаҳо то  38-40º хунук, рӯзона 10-15º хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1º, рӯзона 11+13º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона 7+9º гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1º, рӯзона 12+14º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9-11º хунук, рӯзона -1+1º мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова