Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид

Имрӯз 5-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузошт ва якчанд иншоотҳои навро ифтитоҳ кард. Бинои нави Кумитаи андоз дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад. Иншоот 4 бинои аз 3 то 16 ошёнагӣ хоҳад дошт ва инчунин дигар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз 5-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузошт ва якчанд иншоотҳои навро ифтитоҳ кард.

Бинои нави Кумитаи андоз дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад. Иншоот 4 бинои аз 3 то 16 ошёнагӣ хоҳад дошт ва инчунин дигар инфрасохторҳои зарурӣ аз ҷумла 12 маҷлисгоҳ, толор барои 500 нафар ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст низ сохта мешавад.

Дар назар аст, ки дар бинои нави Кумитаи андоз 360 корманд фаъолият кунанд. Дар таҳхонаи бино барои 230 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мегардад.

Дар идома раисҷумҳур бинои нави Додгоҳи олии Тоҷикистонро ифтитоҳ ва бо додрасҳои тоҷик мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон оиди рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа суханронӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи воридоти парванда ва дархосту пешниҳод таваҷҷӯҳ зоҳир карда таъкид кардааст, ки “санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд ва онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат карда барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона карда шаванд”.

Ӯ ҳамчунин фаъолияти кормандони мақомоти судиро таҳлил карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар кори онҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ ба додрасҳо супориш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъулини соҳа супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва инчунин, барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ эътибор диҳанд.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон бо бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки бо маблағгузории ҳукумати кишвар таъмиру таҷдид шуд, шинос гардид.

Бозсозии Филармония тобистони соли 2023 оғоз ёфт ва бештар аз як сол идома кард. Дар асоси нақшаи таъмири бино, саҳни берун ва намои филармония пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи миллӣ оро ёфтааст.

Даҳлезҳо, толори консертӣ бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон таъмир шуданд ва бо инфрасохтори нав таъмин карда шуданд.

“Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст”,- навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин боми бино иваз ва намои берунии он пурра таъмир шуда фаввораҳо барқарор ва саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро дода шудааст.

Раисҷумҳур ва дигар намояндагони ҳукумат дар барномаи консертие, ки аз ҷониби фарҳангиёни кишвар ташкил гардидааст иштирок кард.

“Зимни боздид аз намоиш Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд”,- навиштааст хадамоти матбуот.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бинои нави Додситонии ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти додситонӣ ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки бинои нави додситонӣ дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Раисҷумҳури кишвар баъди боздиди бино кормандони додситониро ба пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таъмини волоияти қонун бо роҳи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон раҳнамоӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо фаъолияти Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Додситонии Тоҷикистон шинос шудааст.

Донишкадаи мазкур дорои 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки 17 омӯзгори соҳибтахассус ба донишҷӯёну кормандони ин ниҳод  дарс медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.