Филармонияи давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев пас аз як соли таъмиру бозсозӣ рӯзҳои наздик бозгушоӣ мешавад. Дар назар аст, дар маросими бозгушоӣ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад. Бозсозии Филармонияи давлатии Тоҷикистон тобистони соли 2023 оғоз ёфт ва бештар аз як сол давом ёфт. Дар асоси нақшаи таъмири бино, саҳни берун ва намои […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев пас аз як соли таъмиру бозсозӣ рӯзҳои наздик бозгушоӣ мешавад. Дар назар аст, дар маросими бозгушоӣ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад.

Бозсозии Филармонияи давлатии Тоҷикистон тобистони соли 2023 оғоз ёфт ва бештар аз як сол давом ёфт. Дар асоси нақшаи таъмири бино, саҳни берун ва намои филармония пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи миллӣ оро ёфтааст.

Аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ба ҷуз саҳни берун ва намои бино, ҳамчунин толорҳои асосӣ, сабти овоз, ороиш, либосовезӣ низ пурра навсозӣ шуда, барои баргузории барномаҳои консертӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуд.

“Таъмири толори асосӣ ва садоафзоҳо имкон фароҳам меорад, ки барномаҳои зиндаи консертӣ дар сатҳи баланд баргузор гардад”, – гуфтанд аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Инчунин, мизу курсии толори асосӣ ва дигар толорҳо, ҷиҳози бино, роҳравҳову ҳоҷатхонаҳо ва дар умум, ҳамаи инфрасохтори Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ иваз ва таъмиру бозсозӣ шудаанд.

“Бино ба шабакаи гармидиҳӣ низ пайваст карда шуд”, – гуфтанд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои дастрас, барои таъмири куллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бештар аз 60 миллион сомонӣ сарф шудааст ва ҳамакнун, дар назар аст, рӯзҳои наздик бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бозгушоӣ гардад.

Масъулин зикр карданд, ки нақша доранд маросими бозгушоии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро бо баргузории барномаи фарҳангӣ доир намоянд. Дар ин барномаи консертӣ иштироки 40 сароянда, 76 мутриб ва 4 ансамбли рақсӣ дар назар аст.

Ҳамчунин, масъулини Филармонияи давлатии Тоҷикистон нақша доранд 86-солагии ин ошёни ҳунарро бо ҷалби ҳунармандони машҳури Тоҷикистон мисли Ҷӯрабек Муродов, Муродбек Насриддинов, Ҳаётой Муминова ва дигар устодони санъат таҷлил намоянд.

Бояд зикр кард, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 10-уми декабри соли 1938 таъсис ёфта, давоми даҳсолаҳо барои бештари ҳунармандони шинохтаи кишвар ба мактаби санъат табдил ёфт.

Ҳоло дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ягона оркестри созҳои халқӣ фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.