Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб: “Марги сарбоз Ботир Эргашев таҳқиқ мешавад”

Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб омили марги Ботир Эргашев, як сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро таҳқиқ мекунад. Пайвандони сарбози ҷонбохта даъво доранд, ки фарзандашон кушта шудааст. Ҷасади  Ботир Эргашови 20 сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хидмат мекард, рӯзи 12-уми ноябр дар зодгоҳаш […]

Фарзона Муродӣ, Билоли Шамс, Asia-Plus

Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб омили марги Ботир Эргашев, як сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро таҳқиқ мекунад. Пайвандони сарбози ҷонбохта даъво доранд, ки фарзандашон кушта шудааст.

Ҷасади  Ботир Эргашови 20 сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки дар яке аз қисмҳои низомии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон хидмат мекард, рӯзи 12-уми ноябр дар зодгоҳаш ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хок супорида шуд.

Як рӯз пеш, 11-уми ноябр, намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ҳангоми супоридани ҷасади ин сабоз ба волидонаш гуфтаанд, ки “ӯ худкушӣ кард”. Волидони сарбози ҷонбохта даъво доранд, ки дар бадани фарзандашон осори латукӯб буд ва ба худкушӣ кардани ӯ бовар надоранд.

Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки таҳқиқи марги Ботир Эргашев оғоз шудааст ва дар сурати собит шудани қонуншиканӣ, парванда боз хоҳад кард.

Баҳодур Эргашев, падари Ботир Эргашев мегӯяд, писари сарбозаш 10-уми ноябр, як рӯз пеш аз ҳодиса, ба хона занг зада, додарашро бо муносибати рӯзи таваллудаш табрик гуфтааст ва изҳори хушнудӣ намудааст, ки дар зудтарин фурсат ба хона бармегардад.

“Соли 2022 ба хидмати ҳарбӣ рафт. Охирин рӯзҳои ҳидматаш монда буд. Пас аз чанд рӯз бояд бармегашт. Аз хидмат ҳеҷ гоҳ шикоят накарда буд”, – гуфт Баҳодур Эргашев.

Аз ин лиҳоз, ӯ бовар надорад, ки фарзандаш худкушӣ карда бошад ва мегӯяд, дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст.

“Вақте ҷасади бачаамро мешустам, осори шиканҷаро мушоҳида кардам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд”, – зикр кард Баҳодур Эргашев.

Ҳамакнун ӯ аз мақомот талаб дорад, ки омили марги фарзандашро таҳқиқ ва ошкор кунад. Ӯ мегӯяд, барои муайян кардани ин то зинаҳои боло шикоят хоҳад кард.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ҳодисаи нав нест. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки соли 2023 дар кишвар 40 ҳолати марги сарбозон дар артиш ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 8 ҳолати фавт  худкушӣ будааст.

Инчунин, 109 сарбоз дар пайи вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафари онҳо бинобар бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.