Марги 40 сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ. Ифтитоҳи парванда нисбати беш аз 100 сарбозу афсар барои “дедовшина”

Asia-Plus

Соли гузашта дар натиҷаи латукӯби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ё меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ё ба ибораи мақомот, “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ” 109 сарбоз ҷароҳат бардошта, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ зикр кардааст.

Ин гузориш, ки соли 2023-ро дар бар мегирад, моҳи июни соли равон дастрас шуд ва мониторинги ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ ва адои онро дар бар мегирад.

Муаллифони ин гузориш гуфтаанд, ки зимни маъракаи даъват ва хидмати ҳарбӣ аз ҷониби масъулин меъëрҳои қонунгузорӣ ба таври дахлдор иҷро намегардад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот сарбозшикор ё “облава”-ро зимни даъвати ҳарбӣ рад мекарданд.

Баръакси ин, Омбудсмен дар гузориши худ навиштааст, ки соли гузашта оид ба сарбозшикор ё шеваҳои ғайриқонунии даъват ба хидмати ҳарбӣ 5 муроҷиат дастрас кардаанд. Муҳтавои шикоятҳо “ҷалби ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ, фишор ба волидайни даъватшавандагон, ба инобат нагирифтани вазъи саломатии даъватшавандагон бахшида шуда буданд”.

Ин ниҳод гуфтааст, соли 2023 дар қисмҳои ҳарбӣ “1 ҳазору 90 нафар вайронкунандаи интизомро ба қайд гирифта”, нисбати 105 хизматчии ҳарбӣ 95 парвандаи ҷиноятӣ барои меҳтарсолорӣ ё “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ” оғоз гардидааст. Аз ин 89 парванда ба суд ирсол шуда, 6 парванда дар ҳоли тафтиш аст.

“Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ 109 нафар сарбоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафари онҳо бинобар бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар гузориши ин ниҳод.

Омбудсмен гуфтааст, ки сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ “дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани интизоми ҳарбӣ, сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ, набудани назорати доимӣ аз болои зертобеон, надонистани талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва қонунгузорӣ” мебошад.

Ин ниҳод гуфтааст, соли гузашта 40 сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин 8 нафар худкушӣ кардаанд.

Дар гузориши Омбудсмен омадааст, аз натиҷаи санҷиши ҳодисаҳои вафоти сарбозон дар 12 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 9 парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуда, тафтишоти пешакӣ нисбати 3 парванда идома дорад. Онҳо нагуфтаанд, ки барои марги сарбозон кӣ ва чӣ ҷазо гирифтааст.

Вале гуфтаанд, ки яке аз сабабу омили фавти хизматчиëни ҳарбӣ ин саривақт мавриди муоинаю табобат қарор надодани сарбозон мебошад. Масалан, дар соли 2023 6 ҳолати фавти хизматчиëни ҳарбӣ аз беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, вайрон шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ яке аз мушкилоти маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ аст ва дар мавридҳои алоҳида ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор, ки бояд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд, ҷой дорад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо овардани мисолҳои мушаххас навиштааст, ки чӣ гуна мақомоти қудратӣ ҷавонони беморро иҷборан боздошт карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд.

Аз ҷумла, як ҷавонро, ки бемории остеохондрози сутунмуҳра дошт, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия боздошт карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд.

Ҳангоми хидмат бемории ȳ авҷ гирифта, дар госпитали ҳарбӣ хобонида шудааст. Дертар бо миёнаравии Сарпрокурори ҳарбӣ ин ҷавон аз хидмат озод шудааст.

“Мушкилоти мазкур нишон медиҳад, ки то ҷое шаҳрвандон дар бораи асосҳои тиббии ба таъхир гузошта шудани даъват ба хизмати ҳарбӣ маълумоти кофӣ надоранд ва муоинаи тиббӣ дар аксар ҳолатҳо рȳякӣ гузаронида шуда, вазъи саломатии даъватшавандаҳо ҳаматарафа ташхис карда намешавад”, – омадааст дар гузориш.

Ин ниҳод аз шеваҳои ғайриқонунии даъват ё сарбозшикор ҳам интиқод карда, гуфтааст, ки комиссияи даъвати ноҳияи Дȳстӣ як донишҷȳро ғайриқонунӣ ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд.

Комиссияҳои даъвати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Истаравшан, Xоруғ, Ваҳдат, Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, Варзоб ва Ванҷ низ донишҷӯёнро ғайриқонунӣ ба хидмат ҷалб кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки “нисбати шахсони гунаҳгор чораҳои зарурӣ андешида шудаанд”. Аз ҷумла, нисбати як кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дȳстӣ барои ҷалби донишҷӯй ба хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷинотяӣ оғоз шудааст. Маълум нест, ки нисбати ӯ ва дигарон чӣ ҷазо таъин шудааст.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...