Маҷлиси миллӣ қонуни “манъи идгардак ва либоси бегона”-ро қабул кард

Имрӯз, 19-уми июн, дар як иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи нави қонуни пурбаҳс “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки дар асоси он пӯшидани либоси бегона ва идгардаки кӯдакон манъ мешавад, аз тарафи вакилон баррасӣ ва қабул карда шудааст. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси миллӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, иҷлосия таҳти роҳбарии Рустами […]

Имрӯз, 19-уми июн, дар як иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тарҳи нави қонуни пурбаҳс “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки дар асоси он пӯшидани либоси бегона ва идгардаки кӯдакон манъ мешавад, аз тарафи вакилон баррасӣ ва қабул карда шудааст. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси миллӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, иҷлосия таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст ва дар маҷмӯъ 38 масъала ба баррасӣ кашида шуд.

“Дар иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо”,  “Дар бораи маориф”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуданд”, – менависад манбаъ.

Тибқи муқаррарот, лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ба президенти Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва пас аз имзои сарвари давлат ва нашраш дар расонаҳои давлатӣ он ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 8‑уми май палатаи поёнии парлумон Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро қабул кард, ки он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ва дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)”-ро манъ мекунад.

Тасмими манъи пӯшидан ва ворид намудани “либосҳои бегона” ва “идгардак”‑и кӯдакон дар ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Тоҷирони тоҷик ҳам аз монеаҳои нави қонуни мазкур нигаронӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки барои риоя накардани ин қонун ҷарима таъин шудааст, вале ҳоло миқдори нишондиҳандаҳои он муайян нест. Инчунин, то ҳол муайян нашудааст, ки кадом либос “ба фарҳанги миллӣ бегона” аст ва воридот ва фурӯши кадом намуди либосҳо манъ карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.