Ҳафтаи оянда тоҷикистониён 4 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, реҷаи рӯзҳои корӣ тағйир ёфта, ин рӯз (панҷшанбе) рӯзи истироҳат шуморида мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифооқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, аз ин рӯ, барои пайдарҳам истироҳат кардани сокинони кишвар рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, яъне 22 июн […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, реҷаи рӯзҳои корӣ тағйир ёфта, ин рӯз (панҷшанбе) рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифооқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, аз ин рӯ, барои пайдарҳам истироҳат кардани сокинони кишвар рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, яъне 22 июн (шанбе) рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда (28 июн) рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба ин тариқ, ҳафтаи оянда сокинони Тоҷикистон 4 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд – аз рӯзи панҷшанбе то рӯзи душанбе, яъне рӯзҳои 27, 28, 29 ва 30 июн.

“Ин тасмим барои он гирифта шуд, ки сокинони кишвар байни рӯзи ид ва истироҳатҳо як рӯз ба кор набароянд”, – зикр кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи июни соли 2024 бо назардошти Иди Қурбон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ, сокинони Тоҷикистон ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.