Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ

Раёсати ВКД дар пойтахт дар бораи боздошти 15 ноболиғ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Тибқи иттилоъ кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, 15-нафар ноболиғро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки 17-уми ноябр як гурӯҳ наврасон дар шаҳраки 64-уми ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар сангпартоӣ ва муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар пойтахт дар бораи боздошти 15 ноболиғ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Тибқи иттилоъ кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, 15-нафар ноболиғро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, ки 17-уми ноябр як гурӯҳ наврасон дар шаҳраки 64-уми ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар сангпартоӣ ва муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Ба навишти манбаъ навори ин муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, ки дар асоси он мақомот чораандешӣ кардаанд.

“Вобаста ба ин, нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд”,-менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ бо истифода аз корд муноқиша карда буданд. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мактабҳои мазкур 8 нафар иштироккунандаи муноқиша боздошт шуд.

Бояд гуфт, ки муноқиша ва қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон боиси нигаронии мақомот низ гаштааст. Тибқи иттилои мақомоти кишвар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.