Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард

Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон интиқод кард. Дар ин бора хабаргузории “Медуза” иттилоъ медиҳад. Раисҷумҳури Чеченистон гуфтааст, ки сиёсати кунунии ин мақомдорони давлатии Русия боиси бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ ва пайдоиши адовати миллӣ шудааст. Ӯ таъкид кардааст, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишотӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон интиқод кард. Дар ин бора хабаргузории “Медуза” иттилоъ медиҳад.

Раисҷумҳури Чеченистон гуфтааст, ки сиёсати кунунии ин мақомдорони давлатии Русия боиси бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ ва пайдоиши адовати миллӣ шудааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки роҳбарони мақомоти давлатӣ аз минтақаҳо дур монда, бо мардум алоқа надоранд ва ин амал боиси пайдоиши тафриқа ва барангехтани адовати миллӣ мешавад.

“Чаро бо мо касе дӯст шудан намехоҳад? Чаро Украина ва Гурҷистонро аз даст додем? Чаро бо давлатҳои дигар муносибатҳо тангу торик аст? Сабаб дар он аст, ки мардум намедонанд дар давлат чӣ рӯй медиҳад. Онҳо ба минтақаҳо сафар намекунанд ва бо мардум гуфтушунид надоранд. Дар болои курсӣ нишаста, беқонунӣ мекунанд, ҷоеро намебинанд. Худованд қатъан онҳоро ҷазо хоҳад дод”, – гуфтааст Қодиров.

Инчунин, ӯ Колоколтсевро дар барангезии рӯҳияи зидди муҳоҷирӣ гунаҳгор кард, ки метавонад оқибатҳои номатлуб барои сохтори иҷтимоии Русия дошта бошад.

Ҳодисаи боздошти писарбачаи 14-солаи чеченӣ Муслим Мурдиев, ки барои муноқиша дар яке аз пркҳо дар боздоштгоҳ аст, аз ҷониби Қодиров низ интиқод карда, ин амалро намунаи дахолати беасос ба ҳуқуқи кӯдакон номидааст.

Ин бори нахуст нест, ки аз сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия интиқод мешавад. Натанҳо Александр Бастрикин ва Владимир Колоколтсев, ҳамчунин, дигар сиёсатмадорони рус ҳам ҳамвора ба зидди муҳоҷирон суханронӣ мекунад.

Чанд рӯи пеш Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунист, ки бо суханрониҳои зиддимуҳоҷиронаш машҳур аст, муҳоҷирони кориро ба беқурбшавии рубли Русия гунаҳкор кард.

Кадом мақомдори Русия ё вакили Думаи давлатии ин кишвар бар зидди муҳоҷирон бештар садо баланд мекунад, дар ин маводи мо хонед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.