“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?

Дар Душанбе “100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистонро муайян карданд. Маросими қадрдонии чеҳраҳои муваффақ рӯзи сешанбе, 3-юми декабр, бо иштироки шахсиятҳои шинохта ва дар толори зиёфати Маркази “Оши палов” баргузор гардид. Ба қавли ташкилкунандагон, ғолибон дар беш аз 10 номина, аз ҷумла дипломатия, хидмати давлатӣ, тиб, фарҳанг, маориф, рӯзноманигорӣ, тиҷорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзиш ва ғайра тариқи […]

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Дар Душанбе “100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистонро муайян карданд. Маросими қадрдонии чеҳраҳои муваффақ рӯзи сешанбе, 3-юми декабр, бо иштироки шахсиятҳои шинохта ва дар толори зиёфати Маркази “Оши палов” баргузор гардид.

Ба қавли ташкилкунандагон, ғолибон дар беш аз 10 номина, аз ҷумла дипломатия, хидмати давлатӣ, тиб, фарҳанг, маориф, рӯзноманигорӣ, тиҷорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзиш ва ғайра тариқи овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз миёни даҳҳо ҳазор иштирокчӣ муайян карда шуданд.

Дар номинаи “Рӯзноманигорӣ” ҷоиза ба Умед Бобохонов, роҳбари Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” тақдим гардид.

 

Ҳамчунин, олимон, табибон, варзишкорон, ходимони давлатӣ, блонависон ва дар умум, муваффақтарин чеҳраҳои кишвар соҳиби ҷоиза гардиданд.

“Барои ман боиси ифтихор аст, ки ба ин ҷоиза сазовор гардидам”, – гуфт Расул Боқиев, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин – 2008, ки яке аз ғолибони озмун эълон шуд.

“Бисёр хуб аст, ки дар ҳар бахш – муаллим, табиб ва дар умум, мутахассис қадрдонӣ мешавад”, – зикр кард Сайфуллоҳ Муллоҷон, муаррихи саршиноси тоҷик, ки ҷоизадори “100 чеҳраи муваффақ” гардид.

Чорабинии “100 чеҳраи муваффақ” аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” ташкил шуда, соли дуюм аст, ки баргузор мегардад. Соли гузашта яке аз ҷоизадорон Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гардида буд.

“Ҳадафи озмун муаррифии эҷодкорон, истеъдодҳои нав ва онҳое, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, мебошад”, – гуфт Додихудо Шарифзода, роҳбари кулли Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.