Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад

Аз 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд мешавад. Ҳоло он 72 сомонӣ аст ва соли оянда 75 сомонӣ мешавад. Дар ин бора дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз сӯи парлумон қабул шуд, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Аз 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд мешавад. Ҳоло он 72 сомонӣ аст ва соли оянда 75 сомонӣ мешавад. Дар ин бора дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз сӯи парлумон қабул шуд, зикр мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад. Ин нишондиҳанда дар қонунгузории кишвар барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.

“Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо"  бо назардошти сатҳи беқурбшавии соли навбатии молиявӣ, меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст”,- гуфта мешавад дар моддаи 23-и Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025.

Бо ҷорӣ кардани нишондиҳандаи нави ҳисобҳо, мутаносибан маблағи андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, иловаҳо ва дигар пардохтҳо низ тағйир меёбад.

Аз ҷумла, ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ, ки бо қарори ҳукумати кишвар дар соли 2021-ум 750 нишондиҳанда муайян шуд, гарон мешавад. Акнун онҳое, ки мехоҳанд хидмати ҳарбии пулакӣ анҷом диҳанд соли 2025 ба ҷойи 54 ҳазор сомонии ҳозисра, ҳамакнун 56 ҳазору 250 сомонӣ пардохт мекунанд.

Инчунин, маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло меравад. Масалан, соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 соли оянда 4 ҳазору 875 сомонӣ пардохт мекунанд. Яъне 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 680 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он аз соли оянда 6 ҳазору 300 сомонӣ пардохт мекунанд. Яъне 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ҳоло онҳо 6 ҳазору 48 сомонӣ месупоранд.

Аз соли 2010 инҷониб маблағҳои аз ин ҷамъшуда ба суратҳисоби махсуси НБО "Роғун" гузаронида мешаванд. Иҷозатномаро аз шуъбаҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА) гирифтан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба ва аз соли 2019 ин тараф ҳар сол меафзояд.

Дар солҳои 2015-2016 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомониро ташкил медод, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ, соли 2019 – 55 сомонӣ, соли 2020 – 58 сомонӣ, соли 2021 – 60 сомонӣ, соли 2022 – 64 сомонӣ, соли 2023 – 68 сомонӣ ва соли 2024 72 сомонӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.